Н.ХУСРАВ. Дар доираи Соли шинохти бештари манфиатҳои миллӣ. Аъзои гурӯҳи таблиғотии назди Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Носири Хусрав ва аъзои зергурӯҳҳои ҳудуди Ҷамоати деҳоти Истиқлол дар деҳаи 44- Чашма бо усули «хона ба хона» суҳбату мулоқотҳо оид ба интихоботи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор намуданд.
Аъзои гурӯҳи тарғиботӣ ва ҳамчунин зергурӯҳҳо ба интихобкунандагон иттиллоъ доданд, ки ба хотири фардои дурахшони фарзандонамон дар интихобот иштирок мекунем ва ба номзади арзани ҲХДТ раъй медиҳем.
Ҳамоҳангсози гурӯҳи таблиғотӣ кормандони Кумитаи иҷроия дар ноҳия ба интихобкунандагон оид ба Барномаи пешазинтихоботии номзад ба мансаби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ҳафт соли оянда андешаронӣ карда, даъват ба амал оварданд, ки ба тарафдории номзади арзанда Пешвои миллат райъи худро диҳанд.
Маводҳои таблиғотии номзади Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон барои шиносоӣ тақдим карда шуд.
Мулоқоту суҳбатҳо аз ҷониби аъзои гурӯҳи таблиғотӣ ва зергурӯҳҳо ҳамарӯза тибқи нақша бо сокинони деҳаю маҳаллаҳо баргузор гардида истодаанд.