БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

БА ТАРАФДОРИИ ШАХСИ АРЗАНДА ОВОЗ МЕДИҲЕМ

ЛЕВАКАНТ. Дар доираи Соли шинохти бештари манфиатҳои миллӣ. Дар робита ба интихоботи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва таблиғу ташвиқи Барномаи пешазинтихоботии номзад ба мансаби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ташкилоти ибтидоии “Дурахшон” бо иштироки масъулини Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Левакант ва сокинон вохӯрӣ доир гардид.

Дар баробари шарҳи нуктаҳои асосии барнома мардум аз солҳои аввали соҳибистиқлолӣ ва хизматҳои шоистаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Раиси муаззами Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар сарҷамъии миллат ва оромиву суботи ҷомеа ёдовар гардида, изҳор доштанд, ки танҳо бо роҳнамоиву дурандешии ин марди накӯном давлат ба роҳи рушди устувор ворид гардид.

Аҳли суҳбат изҳор доштанд, ки дар рӯзи интихобот фаъолона ширкат варзида, овози худро ба тарафдории шахси арзанда хоҳанд дод.

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg