БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

ТАРҒИБОТ ДАР МАҲАЛ

ПАНҶ. Дар доираи Соли шинохти бештари манфиатҳои миллӣ. Мулоқоти масъулини Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ноҳияи Панҷ дар маҳаллаҳои  Навшод ва Наврӯз доир гардид.

Масъулин зимни баромад  ҷиҳати пешгирии  бемории коронавируси навъи COVID-19, корҳои фаҳмондадиҳӣ гузаронида, дар охир ба сокинони маҳалла ниқобҳои тиббӣ, маҳлулҳои антисептикӣ, варақаҳои иттилоотӣ дастрас карда шуд. Инчунин, дар рафти вохӯрӣ вобаста ба ташвиқу тарғиби Барномаи пешазинтихоботии номзад ба мансаби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз Ҳизби Халқиии Демократии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба сокинон фаҳмонида шуда, аз ҳозирин даъват ба амал оварда шуд, ки дар рӯзи интихобот фаъолона ширкат варзанд ва ба ҷонибдории номзади арзандаи худ овоз диҳанд.

 

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg