БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

ПРЕЗИДЕНТИ МАН, ИНТИХОБИ МАН, ИФТИХОРИ МАН!

ПАНҶ. Дар доираи Соли шинохти бештари манфиатҳои миллӣ. Дар асоси нақша - чорабиниҳои Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ноҳияи Панҷ дар маҳаллаи Наврӯз ҷиҳати фаҳмонидани бандҳои Барномаи пешазинтихоботии номзад аз Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон ба мансаби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон вохӯрӣ бо сокинон ва истиқоматкунандагон доир гардид.

Дар баромади худ масъулини Кумитаи иҷроияи ноҳиявии ҳизб  қайд намуданд, ки таърихи даврони соҳибистиқлолии кишварамон собит намуд, ки ҳақиқатан, Пешвои маҳбуби миллат бо фаъолияти сиёсии худ аз сабақҳои бузурги таърихӣ, ки ба сарнавишти халқ ва бунёди давлатдории миллиамон иртиботи қавӣ дорад, сарбаландона баромаданд. Оғози давраи нави давлатдории халқи тоҷик дар ибтидои асри бистум оғоз ёфта, то имрӯз бонизом идома дорад. Ин рӯзҳои офтобӣ, озодӣ, осоиштагӣ ва сарбаландӣ ба халқи тоҷик осон ба даст наомадааст. Дар ин роҳ хизмати Пешвои муаззами миллат дар барқарорсозии асосҳои сиёсӣ, ҳуқуқӣ ва иқтисодиву иҷтимоии истиқлолияти давлатиамон беназир ва ибратомӯз буда, чунин саҳифаҳои таърих бо гузашти вақт барои халқи тоҷик, хусусан наслҳои оянда аҳамияти бузургро касб менамояд.

Дар фарҷоми чорабинӣ аз ҳозирин даъват ба амал оварда шуд, ки дар рӯзи интихобот фаъолона ширкат варзанд ва ба ҷонибдории номзади арзандаи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон овоз диҳанд.

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg