НОРАК. Гурӯҳи таблиғотии ҳизбии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Норак тибқи ҷадвали баргузории вохӯриву мулоқотҳо дар асоси дастуру ҳидоятҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки аз Паёми навбатияшон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон бармеояд, бо мақсади тарғибу ташвиқи самтҳои афзалиятноки фаъолияти ҲХДТ бо ҷалби истиқоматкунандагони деҳаи Кулонии Боло вохӯрӣ доир карданд.
Масъулин дар назди ҷамъомадагон оид ба дастуру супоришҳои Пешвои миллат дар самти тарбия намудани ҷавонон дар рӯҳияи ватандӯстӣ, ҳимояи марзу бум, пешгирии бемориҳои сироятӣ, обод ва гулгулшукуфон кардани диёр, зинда гардонидани ҳунарҳои мардумӣ, беҳтару шоиста гардонидани зиндагии хеш, ки вазифаи ҳар як шаҳрванд аст, андешаронӣ намуданд.