МУЪМИНОБОД. Дар деҳаи Момираки ҷамоати деҳоти Балхобии ноҳияи Муъминобод бо иштироки 18 нафар ҷавонон ва фаъолони маҳаллаи мазкур маҷлиси ҳизбӣ баргузор гардид. Дар маҷлис раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Муъминобод Салоҳиддин Мирзобаротов иштирок ва суханронӣ намуд.
Масъулин дар маҷлис шарҳу тавзеҳи Паёми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, самтҳои афзалиятноки фаъолияти ҲХДТ, мубориза бар зидди терроризм, муқовимат бо коррупсия, афзоиш додани сафи аъзои ҳизб, зиёд намудани ташкилотҳои ибтидоӣ баррасӣ карда шуданд.
Инчунин, дар маҳаллаи мазкур ташкилоти ибтидоӣ ташкил карда шуда, раиси он Мирзоев Мирзошариф интихоб карда шуд.
Баргузории чунин чорабиниҳо дар дигар деҳаю маҳаллаҳои ноҳия мувофиқи нақша идома доранд.