БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

РУШДУ ПЕШРАФТИ МИНБАЪДИ КИШВАР АЗ ИНТИХОБОТИ ШАФФОФУ ДЕМОКРАТӢ ВА ОЗОД ВОБАСТА АСТ!

ЛЕВАКАНТ. Дар доираи Соли шинохти бештари манфиатҳои миллӣ. Вобаста ба баргузории мулоқоту вохӯриҳо оид ба таблиғу ташвиқи Барномаи пешазинтихоботии номзад ба мансаби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар деҳаи Нурафшони Ҷамоати деҳоти Ваҳдати шаҳри Левакант  вохӯрӣ доир гардид.

Масъулин оид ба Барномаи пешазинтихоботии номзад ба мансаби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон суханронӣ намуда, қайд карданд, ки интихоботи ошкорову озодона ва дар муҳлатҳои муайянкардаи қонун барпокардаи давлат воситаи асосии амалӣ гардонидани соҳиб­ихтиёрии халқ буда, ҳамеша бо иштироки бевоситаи халқ амалӣ карда мешавад ва халқ соҳибихтиёриро тавассути интихобот амалӣ месозад.

Ҳамчунин, аз ҷониби масъулин даъват ба амал оварда шуд, ки дар рӯзи 11-уми октябри соли ҷорӣ ҳар як шаҳрванди диёр бояд мутобиқи уҳдадориҳои ҳуқуқии хеш дар ин маъракаи муҳими сиёсӣ иштироки фаъолона намуда, ба ҷонибдории номзади арзанда овоз диҳанд.

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg