БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

ҲАФТ СОЛИ БОБАРОР БА СӮИ ОЯНДАИ ДУРАХШОН

КӮЛОБ. Дар доираи Соли шинохти бештари манфиатҳои миллӣ. Бо мақсади иҷрои  ҷадвали баргузории суҳабту вохӯриҳо бо интихобкунандагон масъулини ҲХДТ дар шаҳри Кӯлоб ҳамарӯза корҳои тарғиботиро ба роҳ мондаанд.

Чунин як вохӯрӣ бо сокинони  деҳаи Зарбдори Ҷамоати деҳоти Зарбдор  доир карда шуд. Зимни мулоқот узви гурӯҳи таблиғотӣ оид ба тарғибу ташвиқи Барномаи пешазинтихоботии номзад ба мансаби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон, корманди масъули Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Кӯлоб Саидов Умар иштирок ва баромад намуд.

Зимни суҳбат Саидов Умар қайд дошт, ки интихобот ифодаи олии ҳокимият халқ буда, рушду нумуи тамоми соҳаҳои хоҷагии халқ аз он вобастагии сахт дорад. Ҳамчунин, аз иштирокдорон даъват ба амал оварда шуд, ки дар маъракаи муҳимми сиёсӣ фаъолона иштирок намоянд.

Иштирокдорон дар навбати хеш баён доштанд, ки номзадии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро ҳамаҷониба дастгирӣ менамоем.

 

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg