БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

ИДОМАИ КОРҲОИ ТАБЛИҒОТӢ ДАР МАҲАЛЛУ ДЕҲОТ

ДАНҒАРА. Дар доираи Соли шинохти бештари манфиатҳои миллӣ. Дирӯз кормандони Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Данғара бо аъзои гурӯҳи таблиғотӣ  дар Ҷамоати деҳоти Лоҳур, деҳаҳои Шабафрӯз, Ширинком, Шибонсой бо интихобкунандагон аз наздик мулоқот баргузор намуданд.

Дар мулоқот раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Данғара Каримзода Пирмуҳаммад ба онҳо оид ба рафти интихоботи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки санаи 11 -уми октябри соли 2020 баргузор мегардад,  суҳбат анҷом дода, қайд кард, ки Барномаи пешазинтихоботии номзад ба мансаби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҲХДТ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро сармашқи кори худ намуда,  аз пештара дида мо шаҳрвандон барои боз ҳам ободу пешрафта гардидани Ватанамон талош варзем ва дар интихоби номзади арзандаи ҲХДТ  саҳм гузоранд.

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg