КӮЛОБ. Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Кӯлоб дар доираи ҷадвали суҳбату вохӯриҳо дар ташкилоти ибтидоии ҳизбии “Кишоварз” бо аъзо ва ҷонибдорони ҲХДТ оид ба самтҳои афзалиятноки фаъолияти ҳизбӣ маҷлис баргузор намуд.
Дар кори маҷлис мудири шуъбаи таблиғот, иттилоот ва матбуоти Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Кӯлоб Фирӯзи Саидмӯъмин ва роҳбари ташкилоти ибтидоии ҳизбии “Кишоварз” Абдуллоев Ҷӯра иштирок ва суханронӣ намуданд.
Зимни мулоқот қайд гардид, ки Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон ба як нерӯи тавонои сиёсӣ табдил ёфта, дар татбиқи амалҳои созанда ҳамчун ҳизби пешсафу роҳнамоӣ ҷомеа мебошад.
Аз ин рӯ, аъзои ҳизбро зарур аст, ки дигаргуниҳои ҳаёти ҷамъиятиро дуруст дарк карда, дар ҳалли масъалаҳои муҳимми иқтисодиву иҷтимоии ҷомеа иқдом намояд ва эътиқоду эътимоди мардумиро нисбат ба фаъолияти ҳизб бештар гардонанд.