ВОСЕЪ. Дар доираи Соли шинохти бештари манфиатҳои миллӣ. Аъзои гурӯҳи кории тарғиботии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Восеъ бо раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳия Сафар Ҳафиза Раззоқ бо мақсади баргузор намудани суҳбату мулоқот бо интихобкунандагони ноҳияи Восеъ дар деҳаи Охҷари Ҷамоати деҳоти ба номи Миралӣ Маҳмадалӣ вохӯрӣ баргузор намуданд.
Дар вохӯрӣ намояндагони Ситоди ноҳиявӣ ва Ситоди Ҷамоати деҳоти мазкур иштирок намуда, Барномаи пешазинтихоботии номзади ҲХДТ ба мансаби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистонро ба саҳми иштирокдорони чорабинӣ расониданд ва иброз намуданд, ки халқи тоҷик боз дар пешорӯи як маъракаи бисёр ҳам муҳим ва таърихӣ қарор доранд ин ҳам бошад маъракаи интихоботи Президенти Тоҷикистон аст. Бинобар ин ҳамаи моро зарур аст, ки дар ин маъракаи муҳим фаъолона иштирок намоем.
Дар охир сокинони деҳаи мазкур ба сухан баромада, иброз доштанд, ки якдилона ба тарафдории номзади ҲХДТ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон овоз медиҳанд.