БОХТАР. Дар доираи Соли шинохти бештари манфиатҳои миллӣ. Дирӯз дар маҳаллаи Сарчашмаи шаҳри Бохтар вохӯрии гурӯҳи тарғиботӣ оид ба тарғибу ташвиқи Барномаи пешазинтихоботии номзад ба мансаби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҲХДТ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо сокинони маҳаллаи мазкур доир гардид. Дар вохӯрии мазкур аъзои Ситоди шаҳрӣ ва вилоятӣ Қосимзода Солеҳа, узви гурӯҳи тарғиботӣ Мирзохониён Искандар, котиби Ситоди шаҳрӣ Толибзода Толиб, сокинон ва дигар шахсони даъватшуда иштирок доштанд. Дар оғози вохӯрӣ Толибзода Толиб доир ба Барномаи пешазинтихоботии номзад ба мансаби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҲХДТ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон суханронӣ намуда, иброз дошт, ки Барномаи пешазинтихоботии номзади ҲХДТ дар интихоботи Президентии соли 2013 пурра иҷро гардида, дар давоми ҳафт соли гузашта, Президени Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Паёмҳои худ ба Маҷлиси Олӣ дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон муфассал изҳори назар карда, дар мулоқоту вохӯриҳо бо аҳли ҷомеа мушкилоти иҷтимоиву иқтисодӣ ва дастоварду пешравиҳои кишварро таҳлилу баррасӣ намудаанд.
Дар ҳафт соли охир сиёсати хориҷии давлати Тоҷикистон дар доираи Консепсияи сиёсати хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар таҳрири нав ба дастовардҳои хеле назаррас ноил шуд, мақому мавқеи кишвар дар низоми муносибатҳои байналмилалӣ боз ҳам таҳкиму тақвият пайдо кард. Дар ин самт якчанд пешниҳоду ташаббусҳои созандаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар арсаи байналмилалӣ аз ҷониби ҷомеаи ҷаҳонӣ эътироф гардиданд, ки обрӯ ва эътибори Тоҷикистонро ҳамчун кишвари пешсаф дар ҳалли мушкилоти глобалӣ, аз ҷумла вобаста ба масъалаҳои обу экология, тағйирёбии иқлим ва масоили амниятиу гуманитарӣ баланд бардоштанд.
Сипас, Қосимзода Солеҳа доир ба Барномаи пешазинихоботии номзад ба мансаби Президенти Ҷмуҳурии Тоҷикистон суханронӣ намуда, гуфт, ки барномаи мазкур дар доираи дигаргуниҳое, ки ҳафтсоли охир дар кишар ба амал омадаанд ва бо дарназардошти дурнамои ҳафтсоли оянда (2020 - 2027) таҳияи гардида, масъалаҳои муҳими ҷомеаи кишварро фаро мегирад.
Баъдан, аъзои ситоди шаҳри Мирзохониён Искандар, якчанд нафар аз сокинони маҳалла ба сухан баромада, доир ба дигаргуниҳое, ки дар тамоми соҳаҳои кишвар ба вуқуъ пайваса истодаанд андешаронӣ намуда, таъкид доштанд, ки ин ҳама дастовардҳо бо ҷаҳду талошҳои Пешвои миллат ба даст омадаанд.