ВОКУНИШ. Инак, имсол Тоҷикистон аз 29-умин солгарди Истиқлоли худ истиқбол гирифт. Ҳарчанд 29 сол дар назди таърих саҳифаҳои кам бошад ҳам, вале барои мо тоҷикон солҳои пурифтихори давлатсозии навини демократӣ ва худшиносии миллӣ таҳти роҳбарии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба ҳисоб меравад. Дастовардҳои Тоҷикистони навин дар ин давра назаррасанд. Новобаста аз мушкилот ва вазъи мураккаби иқтисоди ҷаҳонӣ кишвари мо бо суръат дар тамоми соҳаҳо рушд намуда истодааст.
Аммо, дар ин давра иддае аз нотавонбинони миллату давлати Тоҷикистон дар хориҷи кишвар ба монанди Муҳаммадиқболи Садриддин пайдо шудаанд, ки тамоми дастовардҳои давлату миллати моро нодида мегиранд. Ба ҳамагон маълум аст, ки ҳизби террористиву экстремистии фаъолияташ дар кишвари мо мамнӯъи наҳзати ислом бо роҳбарии Муҳиддин Кабирӣ ва ҳаммаслаконаш аз ҷумлаи онҳо мебошанд. Вақто, ки фаъолияти ТТЭ ҲНИ-ро мавриди таҳлил қарор медиҳем, мебинем, ки роҳбарият ва пайравони ин ҳизб ҳеҷгоҳ дар ободиву пешравии ватани азизи мо саҳме нагузоштаанд, баръакс ба пешрафти соҳаҳои хоҷагии халқи мамлакат монеагиҳои зиёдеро ба бор овардаанд, мардуми сарбаланди мо ин табоҳкориҳои аъзои ҳизби наҳзатро бо чашми худ дидаву шунидаанд.
Муҳиддин Кабирӣ, Муҳаммадиқболи Садриддин ва дигар пайравон бо супориши хоҷагони хориҷиашон қариб ҳамарӯза тариқи шабакаҳои иҷтимоӣ вабаста ба низоми сиёсии кишвар, сулҳу ваҳдати миллӣ, роҳбарияти олии мамлакат нуқтаи назари муғризонаю беасоси худро, ки пур аз дурӯғу бофтаҳои хаёлпечанд иброз медоранд, ки мо чунин афкору ақидаи онҳоро ҳеҷ гоҳ намепазирем.
Ватанфурӯшони тоҷик мунтазам дар ҳар мусоҳибаву суҳбатҳояшон бо рӯзноманигорон ва суҳбатҳояшон бо дигар афрод иброз медоранд, ки онҳо бо ҳар роҳу восита муборизаи сиёсии худро ба муқобили давлату ҳукумати кунунии Тоҷикистон идома хоҳанд дод ва мардуми Тоҷикистон онҳоро дастгирӣ ва қабул мекунанд. Чи фикру ақидаи хоме. Мардуми шарафманди тоҷик ҳечгоҳ иғвоангезиву дассисабозӣ, куштору ваҳшонияти аъзои ин ҳизби табоҳкорро фармӯш накардаанд ва аз онҳо хусусан Кабириву Муҳаммадиқбол безоранд. Имрӯзҳо мардуми сарбаланди мо шоҳиданд, ки хоинони миллат дар хориҷи кишвар даъвои ҳифзи демократия, манфиатҳои миллӣ ва ҳуқуқу озодиҳои шаҳрвандро дар Тоҷикистон мекунанд. Имрӯз аз маблағҳои ҳароми ёфтаашон, кайфу сафо доранду Тоҷикистони азизро дар шабакаҳои иҷтимоӣ дар пешорӯи интихоботи Президентӣ маломатҳо мезананд. Тавре, ки ҳамватанони мо огаҳӣ доранд, ҳамин Кабирӣ буд, ки бо маблағи ночизе бинои беморхонаи сироятиро дар ноҳияи Рӯдакӣ ғайриқонунӣ моли худ карда, садҳо маротиба аз арзиши худ зиёд фурӯхт. Ҳоло он, ки он вақтҳо вакили мардумӣ буд. Магар рисолати вакили халқ будан ҳамин аст? Ин бино агар имрӯз мебуд, садҳо, ҳазорҳо дардмандони он ҷо наҷоти худро пайдо мекарданд.
Имрӯз тамоми ҷаҳон дар мубориза бо коронавирус ин вабои аср қарор доранд. Дар гӯшаҳои гуногуни олам баъзе аз одамон мотам гирифтаву соҳибкорону саховатмандон барои мубориза бо ин беморӣ кумакҳои гуногун карда истодаанд. Вале ин хоинони миллат дар ҳамин лаҳзаҳои барои тамоми башарият мушкил ба ҷои дилбардории мардум аз пайи иғвогариву ҷудоиандозӣ дар шабакаҳои иҷтимоӣ ҳастанд.
Имрӯзҳо тамоми сокинони кишвар бо чашми худ дида истодаанд, ки корзори созандагиву бунёдкорӣ таҳти роҳбарии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар тамоми гӯшаву канори мамлакат бо маром идома дорад. Барои истиқболи Пешвои маҳбуби худ мардум шабу рӯз заҳмат мекашанд. Садҳо ҷойҳои нообод аз қудуми Пешвои муаззами миллат ободу зебо мегардад, ки пирони рӯзгору хурду бузург дар ҳаққи Ҷаноби Олӣ ҳамеша барои ободиву сулҳу субот, якпорчагии Тоҷикистони озоду соҳибистиқлол, ки Ватани маҳбуби ҳамаи мост, дуои хайр мекунанд.
Аммо суол ба миён меояд, ки раҳгумкардагон-хоинони миллат дар хориҷи кишвар чи саҳме дар рушду ободии кишварамон гузоштаанд? Дар ин ҷо мисраъҳои шеърии Абулқосим Лоҳутӣ ба хотирам меояд, ки гуфтааст:
Ҳар шаб зи худат пурс ки ту мардӣ?
К-имрӯз чи хидмате ба мардум кардӣ?
Дар интиҳо мехоҳам, ба кулли ҳамватанон, аз ҷумла ба ҷавонони саодатманди тоҷик муроҷиат намуда, иброз дорам, ки ба гуфтаҳои дурӯғини ин палидони нобакор ҳеҷгоҳ бовар накунанд. Зеро Кабириву Муҳаммадиқбол хоҷагону шогирдонашон ҳеҷ вақт дар фирки ободӣ, сулҳу субот, рушду пешрафти Ватани азизамон набуданд, нестанд ва нахоҳанд буд.
Иброҳимзода Неъматулло, раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Бохтар