БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

ҲАР МИЛЛАТУ ДАВЛАТРО ДАР ЛАҲЗАҲОИ ҲАССОСТАРИНИ МАВҶУДИЯТАШ ФАРЗАНДОНИ БЕДОРУ ФАРЗОНААШ УМРИ ДУБОРА МЕБАХШАНД

ВОКУНИШ.  Тоҷикистон  дар  29  соли  даврон   Истиқлолияти  давлатӣ бидуни  шак дастоварду  комёбиҳои  зиёде  дорад, муҳимтарин  ва  бузургтарин онҳо  пеш  аз  ҳама  ҳамоно  Истиқлолияти давлатӣ ва дарёфти  сулҳу  Ваҳдати  миллӣ  мебошад.  Ҳамаи  комёбиҳои  он  маҳз  аз  баракати  ҳамин  сулҳу  ваҳдат  аст.

Имрӯзҳо  мо  мардуми  шарифи  кишвар  дар  остонаи  боз  як  маъракаи  муҳими  сиёсӣ  баргузории  интихоботи  Президенти  Ҷумҳурии  Тоҷикистон  қарор  дорем. Насли  калонсоли  кишвар  дар  хотир  дорад, ки дар  аввалҳои  даврони  истиқлолият  Ҷумҳурии  Тоҷикистон  бинобар сабаби   ҷанги  шаҳрвандӣ,  вазъи  сиёсиву  иқтисодии  кишвар  душвор  гардида, истеҳсолот  аз  фаъолият  бозмонда, идораи  давлатӣ  фалаҷ  гардид.  Ана  ҳамин  вазъи  ногуворро  дар  кишвар маҳз  аз  ҷониби   душманони  миллат, баъзе кӯрдилон  аз  ҷумлаи роҳбарияти  ТТЭ ҲНИ   ва  пайравони  онҳо  бо  истифода  аз   дастгириҳои  моддию молиявии хоҷагони   хориҷиашон  ба  сари   миллати  тоҷик фоҷиаҳои  нангини  бародаркушро оварда, кишварро  ба  гурӯҳҳои  бо  ҳам  муқобил  ҷудо  намуданд ва  дар  байнашон ҷангу  ҷидол  ва бародаркуширо  ба  амал  оварданд, ки хеле  нобахшиданист. Баъзе  хоинони  ватанфурӯш  бо  ном “равшанфикрон” бо  истифодаи  вазъи  бавуқӯъомадаи  кишвар  бо  роҳи  фиребу найранг  мардумро  ба  майдонҳо  кашида, сохти  конститутсионии  ҷумҳуриро  бо  роҳи  зурӣ  ғайриқонунӣ аз  байн  бурда, дар  кишвар  вазъи  ниҳоят  душвори сиёсию иқтисодиро  ба  амал  оварданд. Сохторҳои  давлатиро  бо  роҳи  зӯрию  яроқ  зери  тассаруф  монда,  садҳо  зиёиёну олимон ва  роҳбарони кишварро  ба қатл  расониданд.

Имрӯзҳо  ин  душманони  миллат  дар  арафаи  интихоботи  навбатии  Президенти  Ҷумҳурии  Тоҷикистон  бо  сардории Муҳиддин  Кабирӣ дар  сомонаҳои  иҷтимоӣ  ҳар  гуна  суханпартоиҳои  беасосу  бепоя ва  буҳтону ҳангомаҳои беадолатонаву  таҳқиромез нисбати  Пешвои  миллат, Сарвари тоҷикони  дунё муҳтарам  Эмомалӣ  Раҳмон  ва  давлату  Ҳукумати  Тоҷикистон  мезанад.  Террористони  наҳзатӣ бо  зергурӯҳҳои  террористию  экстремистии  худ аз  ҷумла  паймони  миллии худашон  кӯшиш  доранд, ки  ҷавонони дар  муҳоҷирати  меҳнатибудаи  тоҷикро,  ки  ин  насл  аз  даҳшату фоҷиаҳои ба  сари  миллат  овардаи  онҳо  бехабаранд,  ба  тарафи  худ  кашида, вазъи  сиёсиро  дар  кишвар  халалдор  намоянд.  

Мардуми  шарифи   кишвар дар  филми  сеқисмаи  «Хиёнат» диданд, ки  наҳзатиёни  террористӣ  исломро шиор  карда, ба  чашми  мардуми  тоҷик хок  пошиданду бо  фиребу  найранг саҳнасозӣ  намуда,  мақсадҳои  нопоки  худро  амалӣ  карданӣ  мешуданд. Ҳамаи  фисқу  фасодиҳо, қатлу  террор, куштори  модару  кӯдак,чеҳраҳои   шинохтаи  миллати  тоҷик,   шахсони  бегуноҳе, ки террористони  наҳзатӣ  нисбати  ин миллат кардаашонро   фош   намуда,  пардаро  аз  рӯи  ин  ҷаллодони  наҳзатии  ватанфӯруш  бардошт. Мушоҳидаҳо  нишон  медиҳанд, ки  ашхоси  бадхоҳ ва  бадбин бо  афкору  ақидаҳои  фитнаангез осудагии  мардумро халалдор  намуда, барои  расидан  ба  мақсадҳои  нопок аз  фурсат  истифода  бурда,  ҳар хел   хабару ҳангомаҳои  бардурӯғ паҳн  менамоянд. 

Бадхоҳони  миллат дарк  намоянд, ки Тоҷикистонро фарзандони соҳибмаърифаташ ба яке аз давлатҳои пешқадам табдил додаанд, ки он акнун маҳбуби  ҳама халқи ҷаҳон ва  умеди ҳама беватанони дунёст. Насли имрӯз бо ин Ватан ифтихор доранд. Тоҷикистони маҳбуби моро акнун тамоми давлатҳои дунё ба расмият шинохтаанд ва эътироф мекунанд. Тоҷикистон  чун давлати сулҳҳоҳу ваҳдатофар дар тамоми сайёра мумтоз аст. Фарзандони содиқу далсӯзаш тавонистанд ба он мақоми шоиставу сазовор  диҳанд. Насли имрӯза дар гирди Пешвои муаззами миллат ҳамсони парвона дар  гирди шамъ ҷаъм омадаанд ва барои ояндаи аз ин ҳам зеботару гуворотар  нақшаҳои ҷадид тарҳезӣ менамоянд. Намегузоранд  касе  ба марзу буми ӯ бо мақсади  ғаразнок  наздик  шавад.

Имрӯзҳо  Пешвои  миллат  мутобиқи  Қонуни  конститутсиони  Ҷумҳурии  Тоҷикистон  «Дар  бораи  интихоботи Президенти  Ҷумҳурии  Тоҷикистон» аз ҷониби  иттифоқи  ҷавонони  Ҷумҳурии  Тоҷикистон,  федератсияи иттифоқҳои  мустақили  Ҷумҳури Тоҷикистон ва  Ан ҷумани  Х1У Ҳизби  Халқии  Демократии  Тоҷикистон ба  мансаби  Президенти  Ҷумҳурии  Тоҷикистон пешбарӣ  шуда  мардуми  шарифи  кишвар  бо  маҳбубияти  беандоза  онро  тарфдорӣ  намуданд.  Боварии  комил  дорем, ки мардуми  шарифи  Тоҷикистон  мавқеи  худро  муайян  менамоянд. Он  маҳбубубияте, ки  имрӯз  Пешвои  миллат  дар  байни  мардуми  шарифи  Тоҷикистон  дорад, на  Кавбирию  на ҳаммаслакони  косалесаш   ва ҳеҷ  як наҳзатии  террорист  онро бекор  карда  наметавонанд.   

Сокини  кишвар, ҳар  як   шаҳрванди  втандӯст, бофарҳанг, бовиҷдон  ба  ақидаҳои  пучу  бебунёди  хоинону душманони  миллату  Ватан  Кабирию  амсоли  онҳо  ҳеҷ  гоҳ  пайравӣ  намекунанд,  ба  диёру  Ватан, миллати  худ  хиёнат  намекунанд.

Аз  ин  ҷиҳат  ҳар  як  фарди  миллатро зарур  аст, ки  масъулиятшиносона  ва  содиқона  вазифаи  худро  анҷом  диҳад. Сулҳу  суботи  кишварамонро  чун  гавҳараки  чашм   ҳимоя  намоем  ва  бар  зидди  душманони  миллат,  бахусус   роҳбарияти  фирории  ТТЭ ҲНИ муборизаи беамон барем.  Ба  ҳар  амалҳои  ноҷавонмаврдона ва  бадгӯиҳои  онҳо  ки дар  шабакаҳои   иҷтимоӣ дар  ҳаққи  фарзандони  бедордилу  ватандӯсти  кишвар,  ки  имрӯзҳо  барои  рушду  пешравии  он  шабу  рӯз  пайваста  заҳмат  мекашанд, бетараф  набуда, барои  саркубу  хомӯш  намудани  туҳмату  буҳтонҳои  онҳо  вокунишҳои  фаврӣ нишон  диҳем,  ҳушёрӣ ва  зиракии сиёсиро аз  даст надиҳем  ва  барои  пешгирии  ифротгароӣ  дастаҷаъмона  мубориза  барем.  Нагузорем, ки  туҳмату  бадгуфториҳои  ноадолатона  нисбати  миллату  давлатамон  беҷавоб  монад.

Ализода  Сураё,  раиси  КИ  ҲХДТ  дар ноҳияи Носири  Хусрав

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg