КӮЛОБ. Дар доираи Соли шинохти бештари манфиатҳои миллӣ. 11-уми октябри соли ҷорӣ маъракаи муҳимми сиёсӣ – яъне интихоботи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон доир мегардад. Вобаста ба муаррифии Барномаи пешазинтихоботии номзад ба мансаби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҲХДТ муҳтарм Эмомалӣ Раҳмон барои ҳафт соли оянда таҳияшуда зери шиори “Барои рушди устувори иқтисодӣ ва зиндагии шоистаи мардум” гурӯҳҳои таблиғотии назди Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Кӯлоб дар маҳаллаҳо ва деҳаҳои шаҳри Кӯлоб хонишҳои сиёсӣ баргузор намуда истодаанд.
Дар маҳаллаҳои Хати роҳ, Заринкӯҳ, Меҳробод ва Ваҳдатобод аъзои гурӯҳи таблиғотӣ Хидиров Баҳодур ва Зулфов Муҳаммадҷон бо иштирокчиён вобаста ба иштироки онҳо дар интихоботи Президентии Ҷумҳурии Тоҷикистон суханронӣ намуданд. Дар охир қайд гардид, ки маҳз тавассути интихобот ҳар шаҳрванди кишвар дар доираи Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи интихоботи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон” иродаи сиёсии худро ифода карда, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистонро интихобот мекунад.