БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

ВОХӮРӢ БО ИНТИХОБКУНАНДАГОН СУДМАНД АНҶОМ ЁФТ

КӮШОНИЁН. Дар доираи Соли шинохти бештари манфиатҳои миллӣ. Дар маҷлисгоҳи хоҷагии деҳқонии ба номи Файзалӣ Саидови Ҷамоати шаҳраки Бохтариёни ноҳияи Кӯшониён  бо сокинон гурӯҳи таблиғотчиёни Ситоди пешазинтихоботии номзад ба мансаби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар назди Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар ҳайати Миралиён Қиёмиддин,  Абдусаломзода Мунаввар ва  Давлатзода С. вохӯрӣ  доир карда шуд.

Миралиён Қиёмиддин раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон зимни шарҳу тавзеҳи нуктаҳои Барномаи пешазхинтихоботии номзад ба мансаби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон  аз дастовардҳои 7 соли охир ва нақшаҳои минбаъдаи созандагӣ ёдоварӣ карда,  мардумро ба иштироки фаъолона дар интихоботи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки  11 октябри соли 2020 баргузор мешавад, даъват кард.

Дар охири вохӯрӣ аз тарафи масъулини ҳизбӣ Барномаи пешазинтихоботии номзад ба мансаби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба иштирокчиёнӣ вохӯрӣ ба таври ройгон дастрас  карда  шуд.

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg