БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

ИНТИХОБИ МАН БАҲРИ ОЯНДАСОЗИИ КИШВАРИ АЗИЗАМ

А.ҶОМӢ. Дар доираи Соли шинохти бештари манфиатҳои миллӣ.

Масъулини Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ дар якҷоягӣ бо аъзои гурӯҳи тарғиботии пешазинтихоботии ҳизб аз ҳисоби аъзои гурӯҳи вакилии ҳизбӣ, вакилони ҷамоатӣ, собиқадорони ҳизб корҳои таблиғотию ташвиқотиро дар деҳаи ба номи  Боқӣ Раҳимзодаи Ҷамоати деҳоти Иттифоқ бо сокинон ҷиҳати муаррифии номзад ва Барномаи пешазинтихоботии номзад ба мансаби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба роҳ монданд.

Дар мулоқотҳои мазкур намояндагон номзад ва Барномаи пешазинтихоботии номзад ба мансаби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро муаррифӣ намуда, заҳмату талошҳои Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро барои сулҳу субот дар Тоҷикистон, зиндагии шоиста ва некӯаҳволии мардум баён карданд. Ҳамзамон, намояндагон мардумро ба шукргузорӣ аз соҳибистиқлолии кишвар, шукргузорӣ аз Сарвари давлатамон даъват намуда, барои вусъати корҳои ободонӣ, пешгирӣ ва муқовимат бо бемории сироятии коронавирус,  самаранок истифода бурдани заминҳои кишоварзӣ, захираи маводи ғизоӣ ва даъвати ҷавонон ихтиёран ба хизмати ҳарбӣ дастуру тавсияҳои муфид доданд.     

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg