БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

ИШТИРОК ДАР ИНТИХОБОТ БО ҲИССИ БАЛАНДИ МАСЪУЛИЯТШИНОСӢ БА ХОТИРИ РУШДИ ИҚТИСОДИ МИЛЛӢ

А.ҶОМӢ. Дар доираи Соли шинохти бештари манфиатҳои миллӣ.

Аъзои гурӯҳи тарғиботии пешазинтихоботии назди Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ, ки дар он кормандони Кумитаи иҷроияи ноҳиявии ҳизб, вакилон - аъзои гурӯҳи вакилии ҳизбӣ, вакилони ҷамоатӣ, собиқадорони ҳизб шомил ҳастанд, дар кӯчаи Лермонтови Ҷамоати шаҳраки Абдураҳмони Ҷомӣ барои муаррифии номзад ва Барномаи пешазинтихоботии номзад ба мансаби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон корҳои таблиғотӣ гузарониданд.

Дар мулоқотҳои мазкур намояндагон Барномаи пешазинтихоботии номзад ба мансаби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро муаррифӣ намуда, дастовардҳои давлату миллатро тӯли солҳои соҳибистиқлолии кишвар ва дар давоми фаъолияти роҳбарии фарзанди фарзонаи миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон қайд намуданд.

Инчунин, аъзои гурӯҳи тарғиботӣ оид ба сиёсати хирадмандонаи Раиси муаззами Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва меҳнату талошҳои Пешвои миллат барои амнияти кишвар ва рушди иқтисодиёти миллии шаҳрвандони мамлакат суханронӣ намуданд. 

Дар баробари муаррифии номзад ва Барномаи пешазинтихоботии номзад ба мансаби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон намояндагон  сокинонро ба корҳои ободонию бунёдкорӣ, тарбияи наврасону ҷавонон дар рӯҳияи ватандӯстию ватанпарастӣ, пешгирӣ аз бемории сироятии коронавирус,  самаранок истифода бурдани ҳар як порча замин, захираи маводи ғизоӣ ва даъвати ҷавонон ихтиёран ба хизмати ҳарбӣ дастуру тавсияҳои муфид доданд.    

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg