БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

ИНТИХОБОТ-ОЯНДАИ ДУРАХШОНИ МИЛЛАТ ВА ДАВЛАТ

АНДЕША. Ҳамагон  огоҳӣ дорем, ки  санаи  11 октябри соли равон  дар Тоҷикистон маъракаи муҳими сиёсӣ-интихоботи Президенти Тоҷикистон баргузор  мешавад.

Яъне, дар назди ҳамаи мо воқеаи муҳим ва ниҳоят тақдирсози таърихӣ  қарор  дораду  ба  андешаи ман ин воқеаи бузург, ягон касро бетараф  гузошта  наметавонад.

Зеро аз интихоби раҳбари бохираду дурандеш, ғамхору боҷуръат, тақдири  мо  вобастагии  зич  дораду  дар  ин вазъият ҳамагон бояд маданияти баланди худро нишон дода, бо таҳлили амиқи ҳаётӣ муносибат намуда, номзадии шахсияти арзандатаринро ҷонибдориву дастгирӣ намоем.

Ин  шашумин  интихоботи  Президентӣ  дар таърихи қариб сисолаи Тоҷикистони  мустақил  мебошад.

Бузургтарин  неъмат  сулҳи  сартосарии  кишвар  аст,  ки аз азал мардуми Тоҷикистон  ин  неъматро ҳамчун гавҳараки чашм эҳтиёташ мекунанд.

Мусаллам аст, ки пайи талошҳо ва заҳмату бедорхобиҳои Пешвои миллат, Раиси  муаззами  Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон муҳтарам  Эмомалӣ  Раҳмон, бози  давлату  давлатдорӣ  болои сари халқи  Тоҷикистон  нишаст.

Барҳақ ӯ Исмоили Сонӣ шуда,

Фахри ҳар як тоҷикистонӣ шуда,

Некаъмол аст, садри бебаҳост,

Як назар! Дар чеҳрааш Нури Худост!

То марҳалаи кунунӣ сулҳу оромӣ ҳукмфармосту баъди тадбирҳои андешидаи  Пешвои  миллат, Роҳбари  давлат  мардум  аз  яъсу ноумедӣ наҷот  ёфтаву  ба  ояндаи  нек  бовар  доранд  ва бо дили гарм ба кору меҳнати софдилона даст задаанд. Бидуни замон ба кадом соҳаҳои хоҷагии халқи кишвар нигарем, мебинем,ки пешрафтҳо дорем. Ба андешаи ман мамлакат танҳо дар он сурат рӯ ба нумӯъ меорад, ки пеш аз ҳама  ягонагии миллат  дар  кишвар  ба  пуррагӣ  таъмин  гардад.

Хушбахтона  имрӯз  гуфта метавонем,ки дар Ватани маҳбубу ҷоноҷонамон  Тоҷикистони  азиз Ваҳдати  миллӣ барқарор аст ва тамоми тоҷикистониён  чун  узви  як  оила  гирди  ҳам омадаанд.

Баргузории ҳама гуна ҷашнҳои арзишманди Ватанамон аз файзи андешаи амиқу густурда ва тарҳбандии нозукбинонаи Пешвои миллат, Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон хело рангорангу диққатҷалбкунанда гузаронида мешаванд,ки аз рӯи фитрати замири  огоҳҷӯии  худ  моро  бо  мо, Ватанамон, дастовардҳои  халқу кишварамон, орзуву умеду ҳадафҳоямон  мешиносанд  ва  ниҳоят  бо  ин  роҳ халқу Ватанамонро дар шоҳидии ҳазорҳо меҳмонҳову рӯзноманигорони хориҷӣ ба ҷаҳон муаррифӣ менамоянд,ки ин нишонаи волотарини миллатдӯстиву  ватанпарварист.

Мо ҷонибдор ҳастем,ки сиёсатмадорони ҳамрақиби номзади Ҳизби Халқии  Демократии  Тоҷикистон   муҳтарам  Эмомалӣ  Раҳмон  зиёд бошанд.

Ин сохти ҷомеаи  демократисту  дар  арсаи  байналмилалӣ  манфиати миллату  давлати  мост.

Аммо як  чизро  ошкоро  ва  бе  тарсу  бим рӯи рост гуфта метавонам,ки  имрӯз, дар  шароити  тезутундшавии вазъи ҷаҳонишавию муборизаҳои  байни  давлатҳои  абарқудрат ,  сиёсатмадореро  дар  ин  мақоми  баланд  дар  баробари  Пешвои  миллат  муҳтарам  Эмомалӣ  Раҳмон  баробар пайдо намудан маҳол аст.

Бе муболиға ин таърифкунӣ набуда ҳақиқати таърихӣ дошта, аз ҷасорат, дурбинӣ, андешаронии амиқ, хулосабарории ниҳоӣ, хушбинӣ нисбати ояндаи  дурахшони  халқу  кишвар  тамоми  ҳастии ӯро фаро гирифтааст.

Ӯ  метавонад  дар  ҳассостарин   лаҳзаҳоти  пурхатару  фоҷиабор барои наҷот  ва  пуштибонӣ  аз  ҳаммиллатону  аҳли башарият, ҷонро дареғ надошта  худро аз ҳама пеш ба варта андозад.

Вай  барои  тамоми  тоҷикистониён  шароити  баробариву  фазои васеъи  эҳтироми  ҳамдигарӣ  таъмин  намудааст.

Фазои сиёсӣ, иҷтимоӣ  ва  фарҳангии  кишвар, ки  бо  ҳиммат, ҷасорат ва  садоқати  сарчашмаи  файзбахш-Пешвои миллат, Роҳбари давлат устувору  собит ва дар тавозуну таносуби комил қарор дорад, нерӯ ва қудрати инсон  ва  ҷомеаи  моро  ба офариниш ва пайкорҳои ояндасоз ҳидоят менамояд.

Итминони  комил  дорам,ки ояндаи Тоҷикистон, нашъунамои босуръати он ва хушбахтиву комёбиҳои мардуми мо маҳз таҳти роҳбарии номзади арзандаи Ҳизби Халқии  Демократии  Тоҷикистон   муҳтарам  Эмомалӣ  Раҳмон  пайвастагии  зич  дораду  мардуми  сарбаланди  кишвар  ин  ҳақиқатро  дарк  кардаанд  ва  аз  ӯ  ҳамчун  номзади  арзандаву сазовор ба  мақоми  олии  Президенти  Ҷумҳурии Тоҷикистон  ҷонибдорӣ  менамоянд.

Муминзода Мастура Табарӣ, узви гурӯҳи вакилӣ дар Маҷлиси вакилони халқи ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ

 

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg