ҚУБОДИЁН. Дар асоси нақша-чорабиниҳои тасдиқгардидаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Қубодиён оид ба баррасии муҳтавои Паёми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва самтҳои афзалиятноки фаъолияти ҲХДТ дар деҳаи Советободи ҷамоати деҳоти Заркамар бо аҳолӣ вохӯрӣ доир карда шуд.
Вохӯриро мудири бахши кор бо занон ва ҷавонони Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Қубодиён Ф.Абдураҳимова ҳусни ифтитоҳ бахшида, қайд намуд, ки, Пешвои муаззами миллат Паёми худро ҳамчун як барномаи мукаммали солонаи ҳар як фарди тоҷикистонӣ ироа менамояд, нақшаву вазифаҳои навбатӣ ва ояндаро барои расидан ба ҳадафҳои назаррас бо мақсади таъмини рушди устувори рӯзгори мардум қарор додааст.
Дар Паёми худ Пешвои миллат иброз доштанд, ки нишондиҳандаҳои рушди нерӯи инсонӣ аз се самти асосӣ –дастрасӣ ба таҳсилот, тандурустиву дарозумрӣ ва сатҳи шоистаи зиндагӣ иборат мебошад ва тасдиқи ин гуфтаҳо шаҳодат аз он медиҳад, ки Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо таҳия ва қабули барномаҳои давлатӣ баҳри некӯаҳволии сокинони кишвар тадбирҳои судмандро амалӣ менамояд.