![](http://hhdtkhatlon.tj/sites/default/files/styles/medium/public/field/image/20200926_090440.jpg?itok=spAG_jZ1)
ҶАЙҲУН. Дар доираи Соли шинохти бештари манфиатҳои миллӣ.
Гурӯҳи тарғиботии назди Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Ҷайҳун вобаста ба тарғибу ташвиқи Барномаи пешазинтихоботии номзад ба мансаби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҲХДТ Эмомалӣ Раҳмон бо усули "хона ба хона" корҳои тарғиботиву ташвиқотиро дар маҳаллаҳои ба номи Боқӣ Раҳимзода, Фирдавсӣ ва Рӯдакӣ бо сокинон роҳандозӣ намуданд.
Дар раванди вохӯриҳо масъулин аз сокинон даъват ба амал оварданд, ки санаи 11 октябри соли 2020 дар рӯзи интихобот бо як масъулияти баланди шаҳрвандӣ ширкат варзида, бо мақсади рушди босуботи кишвар ба тарафдории номзади арзанда овози худро диҳанд.
Ҳамчунин, ба сокинон варақаҳои иттилоотӣ вобаста ба дастовардҳои замони истиқлолияти давлатӣ тақсимот карда шуд.