БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

ҲАДАФИ МО БАРГУЗОРИИ ИНТИХОБОТИ ШАФФОФУ ДЕМОКРАТӢ

ФАРХОР. Дар доираи Соли шинохти бештари манфиатҳои миллӣ. Кормандони Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Фархор корҳои тарғиботиро оид ба Барномаи пешазинтихоботии номзади ҲХДТ бо усули “хона ба хона” дар маҳаллаҳои Ҷамоати шаҳраки Фархор ба роҳ монда, ҳамзамон оид ба  пешгирии паҳншавии бемории коронавирус ва истифодаи самараноки заминҳои наздиҳавлигӣ  корҳои фаҳмонидадиҳӣ гузарониданд. 

Зимни суҳбат бо сокинон масъулин иброз доштанд, ки Барномаи мазкур дар доираи дигаргуниҳое, ки солҳои охир дар кишвар ва ҷаҳон ба амал омадаанд ва бо дарназардошти дурнамои ҳафт соли оянда (2021-2027) таҳия шуда, ба ҳалли масъалаҳои муҳимми ҷомеа, аз ҷумла таъмин намудани рушди устувори иқтисодӣ, саноатикунонии босуръат, ҷорӣ кардани иқтисоди рақамӣ, истифодаи оқилонаи сарватҳои табиӣ, рушди неруи инсонӣ ва таҳкими соҳаҳои иҷтимоӣ равона мегардад.

Инчунин, ба шахсони ниёзманд ниқобҳои яккаратаи муҳофизавӣ, маводҳои безараргардонӣ ва варақаҳои тарғиботӣ тақсим намуда, бо онҳо оид ба солим нигоҳ доштани саломатиашон  суҳбат карданд.

          

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg