БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

ТАЪМИНИ ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ МАҚСАДИ АСОСИИ МОСТ!

ФАРХОР. Дар доираи Соли шинохти бештари манфиатҳои миллӣ. Кормандони Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Фархор корҳои тарғиботиро оид ба Барномаи пешазинтихоботии номзади ҲХДТ бо усули “хона ба хона” дар маҳаллаҳои Ҷамоати шаҳраки Фархор ба роҳ монда, ҳамзамон оид ба пешгирии паҳншавии бемории коронавирус ва истифодаи самараноки заминҳои наздиҳавлигӣ корҳои фаҳмонидадиҳӣ гузарониданд.  Зимни суҳбат бо сокинон масъулин иброз доштанд, ки интихобот маъракаи муҳими сиёсӣ буда, иштироки ҳар як шаҳрванд дар он ҳатмӣ мебошад. Аз ин хотир моро мебояд барои ояндаи дурахшони худ ва фарзандонамон номзади арзандаи худро интихоб намоем.

Ҳамзамон, дар масъалаи самаранок истифодабарии заминҳои наздиҳавлигӣ ва захира намудани маводи ғизоӣ маслиҳатҳои муфид доданд.

Инчунин, ба шахсони ниёзманд ниқобҳои яккаратаи муҳофизавӣ, маводҳои безараргардонӣ ва варақаҳои тарғиботӣ тақсим карданд, бо онҳо оид ба солим нигоҳ доштани гигиенаи шахсӣ суҳбат карданд.

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg