БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

МУЛОҚОТ БО ИНТИХОБКУНАНДАГОН

Ҷ.БАЛХӢ. Дар доираи Соли шинохти бештари манфиатҳои миллӣ. Дирӯз вохӯрии навбатии кормандони Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ бо сокинони маҳаллаи Чкалови Ҷамоати деҳоти Фрунзе ҷиҳати баррасии Барномаи пешазинтихоботии номзад ба мансаби Президентӣ аз ҲХДТ барпо гардид.

Алиев Зафар мудири шуъбаи таблиғот, итилоот ва матбуоти Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳия ба интихобкунандагон аз самтҳои рушди иқтисод ва иҷтимоиёти мамлакат дар ҳафт соли оянда, ки дар Барномаи пешазинтихоботии номзади ҲХДТ ба мансаби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон пешбинӣ шудааст, сухан карда, ёдрас шуд, ки иҷрои ин тадбирҳо имконият медиҳанд, ки дар ҳафт соли минбаъда модели нави иқтисодӣ амалӣ гардад, ҳадафҳои стратегии мамлакат ба тадриҷ амалӣ шаванд ва вазъи соҳаи иҷтимоӣ ба куллӣ тағйир ёбад.

Интихобкунандагон ҷонибдориашонро аз номзади ҲХДТ ба ин мансаби олии давлатӣ бо камоли майл баён намуданд.

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg