ЁВОН. Тибқи барқияи телефонии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон аз 10 майи соли 2018, таҳти № 9 оид ба таҷлили Рӯзи ҷавонони Тоҷикистон ва Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ аз ҷониби Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Ёвон нақша- чорабиниҳо таҳрезӣ гардида, чорабиниҳои гуногуни оммавию фарҳангӣ, солимию варзишӣ, конфронсу мизҳои мудаввар баргузор гардида истодааст.
Дирӯз дар доираи нақша-чорабиниҳо бахшида ба Рӯзи ҷавонони Тоҷикистон дар Коллеҷи тиббии ноҳия чорабинии фарҳангӣ баргузор карда шуд.
Дар чорабинии мазкур дар доираи эълон гардидани соли 2018 ҳамчун Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ нахуст ҳунари донишҷӯёни Коллеҷ ба маърази тамошо гузошта шуд.
Дар чорабинии мазкур муовини раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳия Саёҳат Абдуллоева ширкат варзида, кулли ҷавонони Коллеҷи тиббӣ ва дар симои онҳо ҷавонони ноҳияро ба муносибати Рӯзи ҷавонон табрик намуда, ба як қатор донишҷӯёни фаъол, аъзои намояндагии ТҶҶ «Созандагони Ватан» Сипоснома ва туҳфаҳои таъсиснамудаи Кумитаи иҷроияи ноҳиявиро тақдим намуд.
Силсила-чорабиниҳо бахшида ба Рӯзи ҷавонони Тоҷикистон дар ноҳия идома дорад.