КӮШОНИЁН. Дар доираи Соли шинохти бештари манфиатҳои миллӣ. Дар ҳудуди Ҷамоати шаҳраки Исмоили Сомонӣ ва Ҷамоати деҳоти Меҳнатобод тарғиботчиёни назди Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Кӯшониён бо мақсади расонидани нуктаҳои асосии Барномаи пешазинтихоботии номзад ба мансаби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро барои солҳои 2021-2027 зери унвони “Барои рушди устувори иқтисодӣ ва зиндагии шоистаи мардум” ба интихобкунандагон суҳбату вохӯрӣ гузарониданд.
Тарғиботчиён интихобкунандагонро бо иштироки фаъолона дар интихоботи шаффофу демократӣ даъват карданд.