![](http://hhdtkhatlon.tj/sites/default/files/styles/medium/public/field/image/6_39.jpg?itok=-YCWE6I2)
КӮШОНИЁН. Дар доираи Соли шинохти бештари манфиатҳои миллӣ. Дар муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №5 воқеъ дар деҳаи С. Айнии Ҷамоати деҳоти Навбаҳори ноҳияи Кӯшониён тарғиботчиёни Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Кӯшониён бо аҳолии деҳаҳои ба номи С. Айнӣ ва Ваҳдат вохӯрӣ гузарониданд.
Масъулин дар вохӯрӣ оид ба Барномаи пешазинтихоботии номзад ҳарф зада, иштирокдоронро бовар кунониданд, ки дар маъракаи интхоботи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки санаи 11 - уми октябри соли равон баргузор мешавад, фаъолона ширкат намуда, ба номзади арзандаи худ, раъйи худро медиҳанд.