ҚУБОДИЁН. Дар доираи Соли шинохти бештари манфиатҳои миллӣ. Дар муассисаву ташкилотҳо ва маҳаллаҳо бо сокинон доир ба интихоботи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки санаи 11 октябри соли 2020 баргузор мегардад, вохӯриҳо доир гардида истодаанд.
Чунин вохӯрии судманд дар деҳаи Пакаллаи Ҷамоати деҳоти ба номи Ишмурод Ниёзови ноҳияи Қубодиён дар участкаи интихоботии №15 доир карда шуд.
Дар вохӯрӣ Абдуллоев В муовини раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Қубодиён доир ба Барномаи пешазинтихоботии номзад ба мансаби Президети Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҷониби ҲХДТ барои солҳои 2021-2027, барномаю нақшаи корӣ дар давраи омодагӣ ба интихоботи оянда суҳбат намуда, қайд кард, ки Барномаи нави ҲХДТ аз 8 бахши фарогир ва 26 зербахшҳо таркиб ёфта, ҳалли муҳимтарин масъалаҳои ҳаёти ҷомеаро дар марҳилаи нави рушд ба назар гирифтааст. Инчунин, дарҷ карда шуд, ки соли 2020 ҳамчун “Соли шинохти бештари манфиатҳои миллӣ” шинохта шуда, барои ҳар як ташкилот ва ҳар як узви ҳизб бояд давраи иқдомҳои созанда ҷиҳати иҷрои бандҳои барномаи амали ҳизб гардад.