БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

ҒОЛИБОНИ ОЗМУНИ “СТИПЕНДИЯИ ҲИЗБӢ” МУАЙЯН ГАРДИДАНД

ВИЛОЯТ. Дар доираи Соли шинохти бештари манфиатҳои миллӣ. Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар вилояти Хатлон баҳри дастгирии донишҷӯёни лаёқатманд ва ҳавасманд намудани онҳо барои ноил гардидан ба натиҷаҳои баланди гуногунҷабҳаи зеҳнӣ, эҷодӣ, илмӣ ва ҷамъиятӣ озмуни “Стипендияи ҳизбӣ”-ро эълон намуд. Барои иштирок дар озмун 38 нафар донишҷӯён аз муассисаҳои олии вилояти Ҳатлон  ҳуҷҷатҳои худро бо нишондодҳо ва талаботҳои Низомномаи озмуни мазкур ба  Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон пешниҳод намуданд. Бояд қайд намуд, ки дар натиҷаи омӯзиши хуҷҷатҳои донишҷӯён аз ҷониби ҳайати Комиссияи озмун  маълум гардид, ки ҷавонони мо воқеан дониши хуби сиёсӣ дошта, донандаи забонҳои хориҷӣ буда, ба дастовардҳои назаррас ноил гардидаанд. Баъди омӯзиши ҳуҷҷатҳо тибқи талаботи Низомнома ҳайати комиссияи озмун санаи 29.09.2020, номзадҳоро дар бинои Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон барои саволу ҷавобҳои фардӣ вобаста ба таърих ва навгониҳои кишвар, паҳлуҳои сиёсати дохиливу хориҷии кишвар ба суҳбат даъват намуда, 15 нафар ғолибони озмун барои гирифтани стипендияи ҳизбӣ шарафёб гардиданд.

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg