БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

БАРОИ РУШДИ УСТУВОРИ ИҚТИСОДӢ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

ҚУБОДИЁН. Дар доираи Соли шинохти бештари манфиатҳои миллӣ. гурӯҳи тарғиботии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Қубодиён дар участкаҳои  интихоботии № 25 доир ба интихоботи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки  санаи 11 октябри соли ҷорӣ баргузор мегардад, вохӯрӣ доир карда шуд.

Дар вохӯрӣ   аъзои гурӯҳи тарғиботии назди Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Қубодиён  доир ба Барномаи ҲХДТ барои солҳои 2021-2027 барномаю нақшаҳои корӣ дар давраи омодагӣ ба интихоботи оянда ва ҳамчунин дар асоси Барномаи ҲХДТ М. Худоёров мутахассиси шуъбаи таблиғот, иттилоот ва матбуоти  Кумитаи иҷроия қайд намуд, ки Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон худ шарики фаъоли дигаргунсозиҳои сохтори давлатӣ ва шакли идоракунии ҷомеаи муосири Тоҷикистон мебошад, ки дар раванди маъракаҳои сиёсӣ собит месозанд, ки Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон яке аз ҳизби бонуфуз дар тамоми қаламрави кишвар маҳсуб гардида, бо ҷонибдорони худ як қувваи бузургро ташкил дода, ба сифати ташкилоти сиёсии ҷамъиятӣ дар тақдири халқи Тоҷикистон нақши муҳим мебозад.

Бо баргузории маъракаҳои муҳими сиёсии дар пешистода, мо ҳизбиён масъулияти баланди касбӣ нишон дода, дар сатҳи баланди сиёсиву ташкилӣ баргузор намудани он ва ба ҳадафҳои ниҳоӣ ноил гаштан мавқеи устувор доштани ҳизби моро нишон медиҳад.

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg