ДАНҒАРА. Вохӯрии раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Данғара Каримов Пирмаҳмад ва кормандони масъули Кумитаи иҷроия дар деҳаи Гулободи ҷамоати Лолазори ноҳияи Данғара баргузор гардид.
Нахуст, Каримов Пирмаҳмад доир ба таассуби динӣ ва хурофотпарастӣ, бо ҳадафи солим нигоҳ доштани маънавиёти ҷомеа, ки самтҳои афзалиятноки фаъолияти ҲХДТ мебошанд, суханронӣ кард.
Инчунин, мавсуф дар назди ҷамъомадагон оид ба суханрониҳои Пешвои миллат бо намояндагони ҷомеаи кишвар, эълон гардидани соли 2018 ҳамчун Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ, Даҳсолаи байналмилалии амал “Об барои рушди устувор, солҳои 2018-2028” ҳарф зада, иштирокдоронро барои ҳифзи дастовардҳои соҳибистиқлолӣ, арҷ гузоштан ба арзишҳои миллӣ ва зери сиёсати хирадмандонаи Пешвои миллат саҳм гузоштан дар корҳои созандагиву бунёдкорӣ раҳнамоӣ кард.
Дигар баромадкунандагон низ роҷеъ ба масъалаҳои номбурда фикру андешаҳои худро баён карданд.