БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

ЭМОМАЛӢ РАҲМОН: МАН БА ШУМО СУЛҲ МЕОВАРАМ!

АНДЕША. Ин аввалин сухани фарзанди фарзонаи миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар мақоми Раиси Шӯрои Олӣ ва Сарвари давлати Тоҷикистон, паёми рӯшан аз хираду заковат буд,ки дар фитрат ва дилу нияти поки ӯ таҷассум ёфт. Ин нидои Сарвари давлати тоҷикон паёми оштиву созиш, занги бедорӣ,фасли бозгашт ба асолати зиндагӣ, фасли эҳёи руҳӣ буд.

Замоне, ки намояндагони мардуми Тоҷикистон Эмомалӣ  Раҳмонро ба маснади роҳбари Тоҷикистон пазируфтанд, ӯ ҳамагӣ 40-сол дошт ва дар миёни роҳбарони кишварҳои собиқ Шӯравӣ ва ҷаҳон ҷавонтарин чеҳраи сиёсӣ ба ҳисоб мерафт. Бо  вуҷуди ин ки дар сиёсати сатҳи олӣ таҷрибаи кофӣ наандӯхта буд, дилу дидаи бедор басират ва ақли дарккунанда дошт.

Бо ҳидояти хирадмандонаи Эмомалӣ Раҳмон халқи Тоҷикистон бо эҳтироми гузаштан ба демократисозии ҷомеа ва бунёди давлати соҳибихтиёр, ҳуқуқбунёд, дунявӣ ва ягона дар қаламрави кишвари хеш асос гузошт.

Таърих ва миллати тоҷик ҷасорати Сарвари давлати худро дар раванди таъмини сулҳ ва ризоияти миллӣ, бахусус, дар қаламрави Афғонистон, дар мулоқоте,ки  11-декабри соли 1996 баргузор гардид, ҳаргиз фаромӯш нахоҳад кард, чунки Сарвари давлати тоҷикон қаҳрамонӣ нишон дода, ҷони худро дар хатар гузошта, нагузошт,ки миллати тоҷик аз байн равад. Маҳз ҷаҳду талошҳои ин марди хирадманд буд, ки шумораи зиёди гурезагон, ки дар кишварҳои бегона таъми ғарибӣ  мечашиданд, ба Ватан баргаштанд.

Дигар саҳифаи фаромӯшнопазир пазируфтани пешниҳод дар бораи даъвати иҷлосияи махсуси Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон (даъвати якум) мебошад.Ҳарчанд нерӯҳои мухолифин барои иштирок дар ин иҷлосия ба мувофиқа омаданд ва Президенти Тоҷикистон кафолати таъмини амнияти онҳоро ба дӯш гирифт, намояндагони ҷониби мухолифин дар ин Иҷлосия, ки 11-марти соли 1996 баргузор гардид, ширкат наварзиданд, бо вуҷуди ин Иҷлосия доир гардид.

Ниҳоят бо баргузории чандин мулоқоту суҳбатҳо ва музокироти пайваста раванди сулҳи тоҷикон бо имзои санади таърихии «Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ» дар Москва ба фарҷом расид. Сарвари хирадманди тоҷикон тавонист,ки зиддият ва кашмакашиҳои як миллатро аз байн бубарад.

Оромиву амнияте,ки аз баракати «Созишномаи истиқрори сулҳ ва ризоияти милллӣ» дар Тоҷикистон ба вуҷуд омад, барои бунёди сохтмонҳои азим, равнақи самтҳои иқтисодиёт, таҳкими ҳамкориҳои бисёрҷониба бо кишварҳои ҷаҳон пояҳои мустаҳкам гузошт.Ба расмият шинохта шудани Тоҷикистон аз ҷониби беш аз 150 давлати ҷаҳон, ифтитоҳи сафоратхонаи чандин кишварҳои дунё дар Тоҷикистон ва таъсис ёфтани намояндагиҳои дипломатӣ ва тиҷоратӣ раванди муносибатҳоро суръати бесобиқа бахшид.

Тамоми дастовардҳои мардуми тоҷик дар даврони Истиқлол, асосан таҷрибаи сулҳ самараи ҳамин сиёсати оқилонаи Сарвари давлат маҳсуб мешавад.Натиҷаи ин сиёсат ва расидан ба марзи сулҳу оштӣ буд,ки дар мамлакат таҳаввулот ва дигаргунсозиҳои азим дар тамоми соҳаҳои зиндагӣ ба вуқуъ пайваст.

Бояд қайд намуд,ки ташрифи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба шаҳру навоҳии мамлакат барои огоҳии доиму мустаҳкам аз ҳоли мардум ва мулоқоту суҳбатҳои ошкоро ва самимонаи эшон бо пиру барнои мамлакат, шунидани ормонҳои мардум, сила намудани сари ятимон, дастгирии барҷомондагон, ҳамеша кӯшоишу баракат дар пай меорад,ки боиси ободӣ ва пешравии Ватани азизамон мегардад.  Тоҷикистони соҳибистиқлол дар роҳи татбиқи се ҳадафи стратегии худ-таъмини истиқлолияти энергетикӣ, раҳоӣ аз бунбасти коммуникатсионӣ, ҳифзи амнияти озуқаворӣ ва бо ҳамин роҳ баланд бардоштани сатҳу сифати зиндагии мардум, кӯшиш намуда, бо қадамҳои устувор ба мақсадҳои худ расида истодааст.Давлати ҷавони мо сол то сол ба пешравиҳои иқтисодӣ ноил мегардад.Дар Тоҷикистон бо ҷаҳду талошҳои ин марди хирад, бунёду барқарорсозии иншооти ҳаётан муҳими кишвар нерӯгоҳҳои хурду миёнаи барқӣ, хатҳои интиқоли барқ, роҳу пулҳо ва нақбҳои мошингард, ҳазорон мактабу шифохонаҳо ва дигар иншоотҳои соҳаи маориф, тандурустӣ, ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ ва илму фарҳанг, иншооти маъмурӣ ва тиҷоративу хизматрасонӣ ва ҳамчунин биноҳои бисёрошёнаи истиқоматӣ аз рушди босуботи кишварамон гувоҳии возеҳ медиҳанд.

Силсилаи чорабиниҳои фарҳангӣ бахшида ба ҷашнҳои 1100-солагии давлати Сомониён, 80-солагии шаҳри Душанбе, 2500-солагии Истаравшан, 2700-солагии шаҳри Кӯлоб ва ҳамчунин солгарди олимон, шоирон, арбобони сиёсиву ҷамъиятии тоҷикон,   таҷлил гардидаанд, ки онҳо низ ба ободии намоёни тамоми гӯшаҳои Тоҷикистони азиз боис шудаанд. Бо дастгирии бевоситаи Сарвари давлат нақшаҳои генералии шаҳру ноҳияҳои кишвар марҳала ба марҳала аз нав таҳия гардида, бунёд намудани биноҳои хуштарҳу замонавӣ ва кӯчаҳои васеъу хиёбонҳои зебо ба ҳукми анъана доромадаанд. Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат,  Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомаӣ Раҳмон барои нигоҳ доштани таносуб ва тавозуни сиёсати дурандешонаи хориҷиву дохилӣ ҷаҳду талош меварзанд, то ки манфиатҳои миллӣ ба хотири таъмини рушди устувори иқтисодиёт, боло бурдани сатҳи зиндагии мардуми кишвар ва афзундани обрӯю эътибори Тоҷикистон дар ҷаҳони имрӯза мавриди пуштибонии устувор қарор дошта бошад. Ин ормонҳои ҳазорсолаи миллӣ бешубҳа дастоварди таърихист ва вазифаи муқаддаси мост, ки онро ҳамаҷониба ҳифз карда, таҳкиму тақвият бахшем ва ояндаи дурахшони Ватанро таъмин намоем.

Давлатов  Муҳаммад, вакили Маҷлиси вакилони халқии ноҳияи Фархор                          

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg