БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

ДАР ИНТИХОБОТ МО ИНТИХОБИ ХУДРО ДОРЕМ

ВОКУНИШ. Рӯзи 11 октябри соли ҷорӣ барои сокинони мамлакат рӯзи фаромӯшнашаванда ва хотирмон хоҳад гардид. Дар ин рӯз мардуми сарбаланди кишвар Президенти мамлакатро  ба муддати ҳафт сол аз нав интихоб менамоянд.

Роҳбарони ташкилоти террористӣ - экстремистии Ҳизби наҳзати ислом  Муҳиддин Кабирӣ ва думравонаш  дар ин лаҳзаҳои ҳалкунандаи тақдирсоз чун даррандаи захмдор ба ҳар тараф “ҳамла” менамоянд. Ҳамаи кӯшиши онҳо ба он равона аст, ки ба интихоботи дарпешистодаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон халал ворид созанд. Хоинони давлату миллат  рӯи рост мардумро ба гиридиҳамоӣ зидди давлат даъват менамоянд.  

Онҳо он мусибатҳои гушношуниди ба сари мардуми азияткашидаи тоҷик овардаи худро фаромӯш карда, худро бо ном ҳомӣ ва пуштибони миллат эълон намуда,   мехоҳанд,  сокинони кишвар ва пеш аз ҳама ҷавононро дубора гумроҳ намоянд.

Муҳиддин Кабирӣ!   Мо мардуми талхии ҳаётро чашида ҳодисаҳои солҳои 90  асри гузаштаро, ки шумо барои расидан ба мақсадҳои нопоки худ ба сари мо оварда будед, фаромӯш накардаем ва хуб медонем, ки  ҳоло ҳам барои амалӣ сохтани талабу дархости хоҷагони хориҷиатон  бо тамоми ҳасти кӯшиш доред.  Ба умеди бунёди давлати исломӣ дар Тоҷикистон ҳастед.

Барои расидан ба ин  мақсади нопокатон ҳамеша дар пайи ноором сохтани кишвар  ҳастед.  Бо суханони дурӯғ, сохтаю бофта ғаразона давлату роҳбарони давлатро  танқид менамоед.  Шарм надошта нуфуз ва обрӯи  Ватани худ - Тоҷикистонро, ки бо нону намаки он ба воя расидаед,  дар арсаи байналмилалӣ паст зада мегӯед, ки ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд  дар Тоҷикистон    поймол карда мешавад. Ҳол он ки дар Тоҷикистон тамоми ҳуқуқҳои одамон аз тарафи давлат ҳифз карда мешавад.   Барои таҳсил, табобат, кору истироҳат дар мамлакат тамоми шароит   фароҳам оварда шудааст. Давлат барои рушду тараққиёти кишвар ва беҳбудии зисту зиндагии мардум пайваста кӯшиш менамояд. Дар асоси сиёсати созанда, бунёдкорона ва хирадмандонаи Асосгузари сулҳу ваҳдати миллӣ  - Пешвои миллат, Раиси муаззами ҲХДТ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон    Тоҷикистон ба иҷрои ҳадафҳои стратегии худ ноил гардида истодааст. Имрӯз кишварамон аз  бунбасти коммуникатсионӣ раҳоӣ ёфта, баъди пурра ба истифода додани Нерӯгоҳи Оби Барқии Роғун ба истиқлолияти пурраи энергетикӣ ноил мегардем. Дар мағоза ва бозорҳои мамлакат тамоми номгӯи маҳсулоти аввалияи мардум мерасад. Ин нишон медиҳад, ки Тоҷикистон  ба ҳадафи дигари стратегии худ - таъмини амнияти озуқавории мардум қадамҳои устувор ба пеш гузоштааст ва мегузорад.

Шумо наҳзатиҳои хоини давлату миллат, ҳамеша дар бораи кор ва зиндагӣ муҳоҷирони меҳнатӣ  сухан мегӯед. Тарзе ҳарф мезанед, ки гӯё ба ғайр аз Тоҷикистон дар дигар давлатҳо муҳоҷирати меҳнатӣ дида намешавад.   Ҳол он ки муҳоҷирати меҳнатӣ барои мардуми тамоми дунё амали маъмулист ва пеши роҳи онро касе гирифта наметавонад. Маҳз барои фароҳам овардани ҷойҳои нави корӣ ҷиҳати  аз байн бурдани муҳоҷирати меҳнатӣ давлат ҳадафи чоруми худ – саноатикунонии босуръати кишварро қабул намудааст.     Имрӯз тамоми таваҷҷуҳи роҳбарони шаҳру ноҳияҳо ба сохтмону бунёди корхонаҳои хурду бузурги истеҳсолӣ равона аст. Дар давоми як сол дар ноҳияи Ховалинг ҳам даҳҳо чунин корхонаҳо ба монанди коргоҳи заргарӣ, коркарди гиёҳҳои шифобахш, корхонаи макаронбарорӣ, обҳои ташнашикан, корхонаи коркарди мева, сехҳои равғанбарорӣ ва дигарҳо ба истифода дода шудаанд, ки дар онҳо садҳо одамон ба ҷойи кори доимӣ таъмин карда шуданд. Мардуми шарифи Тоҷикистон, аз ҷумла сокинони ноҳияи Ховалинг  дар ҳамаи интихоботҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дар интихоботи навбатӣ  ҳам як номзади арзанда доштанд ва доранд.

Интихоби мардум Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои милллат, Раиси муаззами ҲХДТ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мебошад.

Мо бо Пешвои худ ифтихор дорем ва боварӣ дорем, ки дар асоси сиёсати созанда ва бунёдкоронаи ӯ Тоҷикистон ба қуллаҳои баланди тараққиёт мерасад ва барои мардум шароити шоистаи зиндагӣ фароҳам оварда мешавад.

Рауфзода Саймумин Тоҷиддин, вакили Маҷлиси вакилони халқи ноҳияи Ховалинг

 

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg