БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

МАН НОМЗАДИ АРЗАНДАИ ХУДРО ДОРАМ

ЁВОН. Дар доираи Соли шинохти бештари манфиатҳои миллӣ. Бо иштироки намояндагони Ситоди ноҳиявии ҲХДТ дар деҳаи Бӯстони Ҷамоати деҳоти ба номи Гулсара Юсупова дар доираи омодагиҳо ба интихоботи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва иштироки фаъолонаи аҳолӣ дар интихобот ҳамчун василаи шаҳрвандӣ вохӯрӣ баргузор гардид.

Дар вохӯрӣ намояндагони ҳизбӣ ва Ситоди Ҷамоати деҳоти ба номи Гулсара Юсупова иштирок намуда, Барномаи пешазинтихоботии номзади ҲХДТ ба мансаби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистонро ба саҳми иштирокдорони чорабинӣ расониданд.

Ба ҳамагон маълум аст, ки халқи тоҷик боз дар пешорӯи як маъракаи бисёр ҳам муҳим ва таърихӣ, ин ҳам бошад маъракаи интихоботи Президенти Тоҷикистон, ки   аз интихоби дурусти мову шумо ҳафт соли ояндаи кишвар бозгӯ аст, қарор дорем. Мо мардуми  шарафманди тоҷикро  лозим аст, ки ба қадри ин дастовардҳои бузург расида, ба номзади арзандаи ҲХДТ дар рӯзи интихобот овоз диҳем.

Дар охир иштирокдорони чорабинӣ ба сухан баромада, иброз доштанд, ки якдилона ба тарафдории номзади ҲХДТ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон овоз медиҳанд.

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg