БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

Калонсолон дар тарбияи ҷавонон масъулияти аввалиндараҷа доранд

ВАХШ. Тибқи ҷадвали баргузории суҳбату вохӯриҳои Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Вахш бо иштироки мутахассиси шуъбаи таблиғот, иттилоот ва матбуоти Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳия Неъматов Азизулло дар ташкилоти ибтидоии «20-солагии Истиқлолияти Тоҷикистон» ҷамъомад доир карда шуд.

Дар ҷамъомади мазкур мавсуф оид ба пешгирии гаравиши ҷавонон ба ҳизбу гурӯҳҳои тундгаро ва  атрофи  Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи масъулияти пада­ру модар дар таълиму тарбияи фарзанд" сухан ронда, моҳияти қонуни мазкурро ба ҷамъомадагон шарҳу тавзеҳ дода , дар охир аз ҷавонон даъват ба амал оварданд, ки зиракиву ҳушёрии сиёсиро аз даст надиҳанд, нагузоранд, ки ягон нохалафе оромию осудагии кишварро халалдор намояд ва Ватани хешро дӯст д­оранд, фирефтаи хоинони миллат нагарданд. Ҳамчунин, аз солмандон даъват ба амал овард, то дар таълиму тарбияи ҷавонон саҳми бештар гузоранд.

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg