БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

ИШТИРОК ДАР ИНТИХОБОТ МАСЪУЛИЯТИ ШАҲРВАНДИИ МАН АСТ!

ШАҲРИТУЗ. Дар доираи Соли шинохти бештари манфиатҳои миллӣ. Масъулини Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Шаҳритуз бо мақсади шарҳи Барномаи пешазинтихоботии номзад ба мансаби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ташкилоти ибтидоии “Эргашобод”-и  деҳаи ба номи Ёқуб Каримови Ҷамоати деҳоти ба номи Худойназар Холматов  мулоқот доир намуданд.

Зимни баргузории мулоқот масъулин аз Барномаи пешазинтихоботии номзад иқтибосҳо оварда, иброз доштанд, ки мо шаҳрвандон вазифадорем, ки дар татбиқи ҳадафҳои стратегии кишвар, дастуру ҳидоятҳои Роҳбари давлат дар самти пешрафту ободии Ватанамон –Тоҷикистони азиз дар корҳои ободониву созандагӣ саҳм гузошта, барои худ ва насли оянда шароити хуби зиндагӣ фароҳам оварем.

Инчунин, дар ин раванд  Барномаи пешазинтихоботии номзаб ба мансаби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон  аз ҲХДТ муаррифӣ карда шуда, аз интихобкунандагон даъват ба амал оварда шуд, ки  овози ҳар яки шумо  дар интихобот ҳалкунанда мебошад ва  ба номзади арзандаи ҲХДТ дар рӯзи интихобот овоз диҳанд.

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg