БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

ИНТИХОБОТ- БАЁНГАРИ ДАВЛАТИ ҲУҚУҚБУНЁД ВА ҲОКИМИЯТИ ХАЛҚӢ ДАР ТОҶИКИСТОН

А.ҶОМӢ. Дар доираи Соли шинохти бештари манфиатҳои миллӣ. Кормандони Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ дар якҷоягӣ бо намояндагони гурӯҳи тарғиботии пешазинтихоботии ҲХДТ дар ноҳия, вакилон - аъзои гурӯҳи вакилии ҳизбӣ, вакилони ҷамоатӣ, собиқадорони ҳизб дар деҳаи Мирзоободи Ҷамоати деҳоти Калинин барои муаррифии номзад ва Барномаи пешазинтихоботии номзад ба мансаби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон корҳои фаҳмондадиҳӣ гузарониданд.

Дар вохӯриҳои мазкур ҳизбиён  Барномаи пешазинтихоботии номзад ба мансаби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро муаррифӣ намуда, дастовардҳои давлату миллатро тӯли солҳои соҳибистиқлолии кишвар ёдовар гардиданд.

Ҳамзамон, аъзои гурӯҳи тарғиботӣ оид ба сиёсати оқилонаю созандаи Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва заҳмату талошҳои ин марди шариф ва фарзанди фарзонаи миллат барои сулҳу субот дар Тоҷикистон ва рушду тараққиёти соҳаҳои хоҷагии халқи мамлакат суханронӣ намуданд. 

Инчунин, намояндагон дар раванди вохӯриҳо сокинонро ба шукргузорӣ аз соҳибистиқлолии кишвар ва аз сарвари хирадманди давлатамон даъват намуда, барои вусъати корҳои ободонию бунёдкорӣ, пешгирӣ ва муқовимат бо бемории сироятии коронавирус,  самаранок истифода бурдани заминҳои кишоварзӣ, захираи маводи ғизоӣ ва даъвати ҷавонон ихтиёран ба хизмати ҳарбӣ маслиҳату тавсияҳои муфид доданд.    

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg