БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

ИНТИХОБОТ - ҶАВҲАРИ АСОСИИ ҶОМЕАИ ДЕМОКРАТӢ ВА ИНТИХОБИ ПРЕЗИДЕНТИ МАРДУМӢ

А.ҶОМӢ. Дар доираи Соли шинохти бештари манфиатҳои миллӣ. Собиқадорони ҳизб- аъзои гурӯҳи тарғиботии назди Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон Ҳасани Муродиён ва Хосият Миралиева дар якҷоягӣ бо роҳбарият ва кормандони масъули Кумитаи иҷроияи ноҳиявии ҳизб ҷиҳати таблиғу ташвиқи номзад ва муаррифии Барномаи пешазинтихоботии номзад ба мансаби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо сокинони Ҷамоати деҳоти “50-солагии Тоҷикистон” мулоқоту вохӯрӣ гузарониданд.

Дар ин вохӯрӣ намояндагони гурӯҳи тарғиботӣ оид ба масъалаҳои интихобот баромад намуда, мардумро барои иштироки фаъолона дар интихобот ва интихоби дуруст намудан барои ояндасозии кишвар даъват намуданд.

Ҳамзамон, собиқадорони ҳизб дастовардҳои мамлакатро давоми солҳои  фаъолияти роҳбарии Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон баён намуда, корнамоиҳо ва қаҳрамониҳои ин марди шарифро дар самти рушду инкишофи соҳаҳои иҷтимоию иҷтисодии мамлакат ва некӯаҳволии мардум ёдовар шуданд.

Дар раванди корҳои фаҳмондадиҳӣ намояндагон нақшаю тадбирҳои рушду тараққиёти мамлакатро то соли 2027, ки дар Барномаи пешазинтихоботии номзад ба мансаби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон пешбинӣ гардидааст, ба саҳми мардум расониданд.

Раиси Кумитаи иҷроияи ноҳиявии ҳизб Ҳалимов Маҳмаддовуд низ баромад карда, суханони ҳикматомези масъулинро ҷонибдорӣ намуда,  мардумро ба худшиносию худогоҳии миллӣ, вусъати корҳои ободонию бунёдкорӣ, даъвати ихтиёрии ҷавонон ба хизмати ҳарбӣ ва ҷонибдорӣ аз сиёсати имрӯзаи давлату Ҳукумат сиёсати оқилонаю созандаи Раиси муаззами Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон ва номзади арзанда ба мансаби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон даъват карданд.        

 

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg