БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

ҶАВОНОН, ИНТИХОБОТ ВА МАНФИАТҲОИ МИЛЛӢ

Н.ХУСРАВ. Дар доираи Соли шинохти бештари манфиатҳои миллӣ. Аъзои   гурӯҳи  таблиғотии  намояндагии ТҶҶ  «Созандагони  Ватан»  дар  ноҳияи  Носири  Хусрав  бо  ҷавонону  наврасони  муассисаи  таҳсилоти  миёнаи  умумии  №3-и  деҳаи  Бешкенти  Ҷамоати  деҳоти  Истиқлол  суҳбату  вохӯриҳо   оид ба   интихоботи  Президенти  Ҷумҳурии  Тоҷикистон дар  ростои  «Ҷавонон  интихобот  ва  манфиатҳои  миллӣ»  бо  мақсади   ташаккули  мафкураи  сиёсии  онҳо баргузор  намуданд.

Аъзои  гурӯҳи  таблиғотӣ дар суҳбат   иброз  намуданд, ки мо  насли  ояндасози  кишвар бо  дарки  баланди  масъулият, иродаи  мустаҳкам, садоқату  муҳаббати  ватандорӣ, эътиқод ба  арзишу  муқаддасоти  миллӣ   ва  ақлу  заковти  худ исбот  менамоем, ки  роҳи  интихобкардаамон дар  масири  ватансозиву  ватандорӣ дуруст  мебошад.Имрӯзҳо  дар  кишвари  азизамон баргузории  маъракаи   муҳими  сиёсӣ  интихоботи  Президенти  Ҷумҳурии  Тоҷикистон рафта  истодааст.   Ҳар  насли  ҷавони  кишварамон, ки   синни  18- ро  то  рӯзи  интихобот  пур  мекунад,  ҳуқуқи  иштирок  дар  интихобот  дорад. Мо  ҷавонони  кишвар  дар  интихобот   иштирок намуда,  барои  ояндаи  пурсаодату  хуррами  худ ба  тарафдории  номзади  арзанда  Пешвои  миллат  муҳтарам  Эмомалӣ  Раҳмон, ки мо  ҷавонон дар  меҳвари  сиёсаташон  қарор  дорем, овози  худро медиҳем.

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg