БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

ИШТИРОК ДАР ИНТИХОБОТ ҚАРЗИ ШАҲРВАНДИИ ҲАР ЯК СОКИНИ КИШВАР АСТ

Н.ХУСРАВ. Дар доираи Соли шинохти бештари манфиатҳои миллӣ. Аъзои  гурӯҳи  таблиғотии  назди  Кумитаи  иҷроияи  ҲХДТ  дар  ноҳияи  Носири  Хусрав   ва аъзои зергурӯҳҳои  ҳудуди  Ҷамоати  деҳоти Истиқлол дар  деҳаи  Олтинсой бо   усули  «хона  ба  хона» ҳачунин   дар  саҳро бо кормандони хоҷагиҳои  деҳқонӣ бо    интихобкунандагон суҳбату  мулоқотҳо  оид ба     интихоботи  Президенти  Ҷумҳурии  Тоҷикистон  вохӯрӣ баргузор  намуданд. Аъзои  гурӯҳи   тарғиботӣ ва  ҳамчунин  зергурӯҳҳо  ба  интихобкунандагон  иттиллоъ  доданд, ки иштирок  дар  интихобот  ҷузъи  таркибии  ҳуқуқи  конститутсионии  ҳар  як шахс  аст. Дар  баромадҳо аъзои  гурӯҳи  корӣ  қайд намуданд, ки  интихоби дурусти мо  омили  рушди ояндаи дурахшони  кишварамон, наслҳои  ояндаамон ва зиндагии  шоистаи  мардум  мебошад.

Ҳамоҳангсози  гурӯҳи  таблиғотӣ  кормандони  Кумитаи  иҷроия  дар  ноҳия ба  интихобкунандагон  оид ба Барномаи  пешазинтихоботии  номзад ба  мансаби  Президенти  Ҷумҳурии  Тоҷикистон  аз Ҳизби  Халқии  Демократии  Тоҷикистон  муҳтарам  Эмомалӣ  Раҳмон дар  ҳафт  соли  оянда  андешаронӣ карда,  қайд  намуданд, ки  Пешвои  миллат  бо  ташаббускориҳои  наҷиби  худ дар  сатҳи   оливу  ҷаҳонӣ ибрати  шахсӣ ва  иродаву  нерӯмандии  худ намунаи  ибрат  мебошад. Ҳамчунин,   ҷиҳати  пешгирии аз  сироятёбӣ  аз  коронавирус  ба сокинони  деҳа  роҳҳои  пешгирии сироятёбӣ  аз  вирус  тибқи пешниҳодҳои  Вазорати  тандурустӣ  ва  ҳифзи  иҷтимоии  аҳолӣ  сухан гуфта,  ба  сокинон  ба миқдори  маводи  безаргардонии хлор  ва  160 адад  ниқоби тиббӣ  тақдим  карда  шуд.

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg