БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

СОКИНОН АЗ МУЛОҚОТ ТААССУРОТИ НЕК БАРДОШТАНД

ФАРХОР. Дар доираи Соли шинохти бештари манфиатҳои миллӣ.Гурӯҳи тарғиботии назди Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Фархор ба мақсади шарҳи нуктаҳои асосии Барномаи пешазинтихоботии номзад ба мансаби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ташкилоти ибтидоии Ҷамоати деҳоти “Зафар” мулоқот доир намуданд.

Зимни мулоқот роҳбари гурӯҳи таблиғотӣ Исматов Абдулҳаким бо иқтибосҳо аз Барномаи пешазинтихоботии номзади ҲХДТ иброз дошт, ки мо дар ҳафт соли оянда мақсад гузоштем, ки рушди устувори иқтисоди миллиро таъмин намоем, дар доираи татбиқи ҳадафи саноатикунонии босуръат бо ҷалби бахши хусусӣ корхонаҳои истеҳсолии нав бунёд кунем ва истеҳсоли маҳсулоти ба рақобати бозор тобовар ва ба содирот нигаронидашударо ба роҳ монда, тамоми иқтидорҳои мавҷударо дар ин самт сафарбар созем. Ҳамзамон бо ин, вазъи соҳаҳои афзалиятдоштаи кишвар, аз ҷумла саноат, кишоварзӣ, энергетика, нақлиёт, илм, маориф, фарҳанг, тандурустӣ ва бахшҳои дигарро беҳбуд бахшида, ба сокинони мамлакат барои расидан ба зиндагии шоиста имконияти бештар фароҳам оварем. Бо ин мақсад мо дар ҳафт соли оянда татбиқи «Стратегияи миллии рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030» - ро таъмин карда, дар ин асос муҳимтарин масъалаҳои иқтисодиро амалӣ менамоем.

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg