БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

ИНТИХОБИ МО- ПЕШВОИ МО!

ФАРХОР. Дар доираи Соли шинохти бештари манфиатҳои миллӣ. Зери ҳамин маҳфум кормандони Кумитаи ивроияи ҲХДТ дар ноҳияи Фархор корҳои тарғиботиро оид ба тарғибу ташвиқи Барномаи пешазинтихоботии номзади ҲХДТ бо усули “хона ба хона” ба роҳ монда, ҳамзамон пешгирии паҳншавии бемории коронавирус ва истифодаи самараноки заминҳои наздиҳавлигиро ба сокинон  фаҳмониданд. 

Зимни суҳбат бо сокинон масъулин иброз доштанд, ки мувофиқи нақшаҳои пешбинишуда ҳаҷми маҷмӯи маҳсулоти дохилии кишвар ва таносуби он ба ҳар сари аҳолӣ дар 7 соли оянда 2 баробар афзоиш меёбад. Ҳиссаи табақаи миёнаи аҳолӣ то 45 фоиз афзуда, сатҳи камбизоатӣ то 18 фоиз коҳиш дода мешавад. Ҳамасола ҷойҳои кории доимӣ ва мавсимӣ таъсис дода шуда, давлат барои ҳалли саривақтии масъалаҳои иҷтимоии аҳолӣ ва фароҳам овардани шароити зиндагии арзандаи мардум тадбирҳои зарурӣ меандешад. Сатҳи дастрасии аҳолии кишвар ба маҳсулоти озуқа, бахусус, ғизои хушсифати мутобиқ ба меъёрҳои тавсияшуда афзоиш ёфта, вобастагии иқтисоди кишвар аз воридот кам карда мешавад. Сифати хизматрасониҳо дар соҳаҳои маорифу тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ тадриҷан баланд бардошта шуда, аз ҳисоби ҳамаи сарчашмаҳои маблағгузорӣ ба ин бахш бо дарназардошти нафақа ва суғуртаи иҷтимоӣ зиёда аз 123 миллиард сомонӣ равона мегардад. Ислоҳот дар соҳаи дастгирии соҳибкорӣ ва фароҳам овардани фазои мусоиди сармоягузорӣ идома ёфта, ташаббусҳои созандаи соҳибкорон минбаъд низ дастгирӣ ва ҳуқуқу манфиатҳои онҳо ҳимоя карда мешаванд. Вобаста ба вазъи тағйирёбандаи ҷаҳон, зиёд гардидани таъсири хатару таҳдидҳо ба иқтисоди кишвар ва пешгирии онҳо ҷиҳати тақвияти фаъолияти ниҳодҳои давлатӣ тадбирҳои саривақтӣ андешида, самаранокии идоракунӣ ва сифати хизматрасониҳои давлатӣ баланд бардошта мешавад. Ҳамкории давлат бо бахши хусусӣ ва ҷомеаи шаҳрвандӣ густариш меёбад. Дар асоси ин барнома мо дар оянда барои рушди тамоми соҳаҳои ҳаёти ҷомеа шароити мусоид фароҳам оварда, пояҳои давлатдорӣ, ҳифзи ҳуқуқу озодиҳо, манфиат ва шаъну шарафи шаҳрвандонро тақвият мебахшем. Инчунин, ба шахсони ниёзманд ниқобҳои яккаратаи муҳофизавӣ, маводҳои безараргардонӣ ва варақаҳои тарғиботӣ тақсим намуданд, бо онҳо оид ба солим нигоҳ доштани гигиенаи шахсӣ суҳбат намуданд.

          

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg