БОХТАР. Дар ташкилоти ибтидоии ҳизбии «Кӯмакрасон» бо иштироки намояндагони Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Бохтар Раҷабализода Парвиз ва Қаҳҳоров Искандар доир ба самтҳои афзалиятноки фаъолияти ҲХДТ, аз ҷумла анҷоми амалҳои хайру савоб дар арафаи иду ҷашнҳо ба ятимону бепарасторон вохӯрӣ доир гашт.
Дар ин вохӯрӣ масъулин қайд намуданд, ки воқеан, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон намунаи олии хирадмандиву ғамхории падарона ба қишри ниёздоштаи ҷомеа мебошад.
Зеро бо дасти мадад дароз намудан ба онҳо дар арафаи ҳар иду ҷашнҳо ва расонидани кӯмак ба оилаҳои камбизоат ва ятимону бепарасторон ба дигарон дарси ҷавонмардиву ҳимматбаландӣ ва саховату дасткушодӣ медиҳанд.