БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

ИНТИХОБОТ НИШОНАИ ДАВЛАТИ ДЕМОКРАТӢ

ЛЕВАКАНТ. Дар доираи Соли шинохти бештари манфиатҳои миллӣ. Дар ташкилоти ибтидоии «Дурандеш»-и Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Левакант бо иштироки гурӯҳи корӣ оид ба таблиғу ташвиқи Барномаи пешазинтихоботии номзад ба мансаби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон вохӯрӣ доир гардид.

Зимни баргузории вохӯрӣ дар бораи бандҳои асосии Барномаи пешазинтихоботии номзад сухан рафта,  қайд гардид, ки имрӯз дар кишвари мо шароите фароҳам омадааст, ки ҳар як шаҳрванди ин сарзамин метавонад дар ҳаёти сиёсӣ, фарҳангӣ ва иқтисодиву иҷтимоӣ мавқеи худро озодона муайян намояд. Интихобот заминаи воқеӣ баҳри рушди ҷомеаи пешрафта ва муаррифии давлат дар арсаи ҷаҳонӣ ҳамчун давлати ҳуқуқбунёду демократӣ мебошад. 

Дар анҷом ба иштирокдорон маводҳои иттилоотӣ оид ба пешгирии бемории коронавирус ва ниқобҳои яккаратаи муҳофизатӣ тақсим карда шуд.

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg