БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

ИШТИРОКИ ШУМО ДАР ИНТИХОБОТИ ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ҲАТМИСТ!

Ҷ.БАЛХӢ. Дар доираи Соли шинохти бештари манфиатҳои миллӣ. Гурӯҳи тарғиботии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ дар деҳаи Маданияти  Ҷамоати деҳоти Маданият вобаста ба ташвиқу тарғиби Барномаи пешазинтихоботии номзад ба мансаби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз Ҳизби Халқиии Демократии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон  вохӯрӣ доир гардид.

Дар вохӯрӣ Маҳмадсаид Аблулҳаев раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ ба сухан баромада, оид ба дастовардҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон дар давраи солҳои 2013-2020, нақшаҳои ҲХДТ дар рушди соҳаҳои гуногуни хоҷагии халқ дар ҳафт соли оянда ба ҳозирин шарҳ дода, иброз дошт, ки муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон чун мунодии сулҳу ваҳдат ва бунёдкори халқу миллат ва Ватанашро чун фарзандонаш аз дилу ҷон дӯст медорад.

Дар фарҷом аз иштирокдорон даъват намуд, ки 11 октябри соли 2020 дар интихоботи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолона иштирок намоянд, зеро овози ҳар як сокини кишвар ҳалкунанда ва муҳим аст.

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg