БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

АЗ БЕМОРИИ КОРОНАВИРУС ЭҲТИЁТ БОЯД ШУД!

ПАНҶ. Дар доираи Соли шинохти бештари манфиатҳои миллӣ. Мулоқоти масъулини Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ноҳияи Панҷ дар ташкилотҳои ибтидоии “Бӯстон” ва “Гулистон”  бо иштироки гурӯҳӣ таблиғотии  назди Кумитаи иҷроияи ноҳиявии ҳизб  доир гардид. 

Дар вохӯрӣ гурӯҳи таблиғотчиён    ҷиҳати пешгирии  бемории коронавируси навъи COVID-19,   самаранок ва оқилона истифода бурдани қитъаҳои замини наздиҳавлигӣ  ва инчунин, саҳми  ташкилотҳои ибтидоии ҳизбӣ дар корҳои ибодонию  созандагӣ  бахшида ба пешвози ҷашни 30- солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо ва иштироки  фаъолона дар интихоботи дарпешистода  андешаронӣ карда, Барномаи пешазинтихоботии номмзда ба мансаби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро ба сокинон муаррифӣ карданд.  

Дар охир ба сокинон ниқобҳои тиббӣ, маҳлулҳои антисептиқӣ, варақаҳои иттилоотӣ барои пешгирӣ кардани бемории коронавирус ва самаранок истифода бурдани заминҳои наздиҳавлигӣ  дастрас карда шуд.

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg