ПАНҶ. Дар доираи Соли шинохти бештари манфиатҳои миллӣ. Дар асоси нақша-чорабиниҳои Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Панҷ дар ташкилоти ибтидоии “Сармантой-2” вобаста ба ташвиқу тарғиби Барномаи пешазинтихоботии номзад ба мансаби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз Ҳизби Халқиии Демократии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон хониши сиёсӣ баргузор гардид.
Инчунин дар вохӯрӣ аз ҷониби масъулини Кумитаи иҷроияи ноҳиявии ҳизб ва гурӯҳи таблиғотӣ қайд карда шуд, ки иштирок дар интихобот-ин иштирок дар ташкили ояндаи дурахшони худ аст. Тариқи иштирок дар маъракаҳои сиёсӣ мо садоқати худ ва ҷонибдории пешрафти мамлакатро нишон медиҳем.