БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

ИСТОДАГАРӢ ДАР МУҚОБИЛИ ГУРӮҲҲОИ ИФРОТӢ ВАЗИФАИ ҲАР ЯК ШАҲРВАНДИ БАОРУ НОМУСИ ТОҶИКИСТОН МЕБОШАД

ВОКУНИШ. Тамоми мардуми  Ҷумҳурии Тоҷикистони соҳибистиқлол талош доранд, ки дар устуворӣ ва таҳкими  Истиқлолияти давлатӣ ҳарчӣ бештар  саҳм гузоранд.  Аммо баъзе нохалафон чунин пешравӣ  ва шукуфоии мамлакати азизамонро дида наметавонанд ва кӯшиш ба харҷ  доранд, ки ба фазои сулҳу ороми мо  халал ворид намоянд.

Як қисмат шаҳрвандони кишвар дар хориҷа бо роҳбарии хоҷагони зархариди худ намехоҳанд Тоҷикистони  биҳиштосо рӯ ба беҳбудӣ орад. Собиқ роҳбари ҲНИ Муҳиддин Кабирӣ, ки барои ин Ватан ягон кори хайр накардааст дар робита бо роҳбарони худ боз мехоҳанд ба сари ин миллати ҷафодида нохушиҳоро оваранд.

Ҳоло Тоҷикистон бо сарварии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- Пешвои миллат, Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон давлат ободу ором шудааст, мардумаш рӯ ба ҳаёти осоишта оварданд. Чанд сол қабл ҳатто тассавур намекардем, ки  дар давлати ҷангзадаи мо ин қадар роҳҳо, корхонаҳои бузурги саноатӣ, иншооти иҷтимоӣ, мактабҳо бунёд карда шаванд.

Имрӯз мо бояд дарк кунем, ки мубориза бо ин хиёнаткорони  Ватан танҳо вазифаи мақомоти амният ва тартиботи ҳуқуқ нест ва бояд тамоми шаҳрвандон алайҳи  ин иқдоми ноҷавонмардона садо баланд кунанд. Мо ин қувваҳоро бояд содда нагирем. Тори риштаи ин найрангбозон дар дасти хориҷиёне ҳастанд, ки оромии кишвари моро  намехоҳанд. Бо маблағҳои калон ҷавононро дар роҳи хиёнаткорӣ равона сохта, кӯшиш кунанд, ки  мардуми моро бар зидди худамон истифода баранд.

Биёед, дасти ҳамдигар бигирему барои ҳифзи Ватан аз ин дассисабозон устувор биистем. Ҳифзи марзу буми кишвар, сулҳу субот ин ҳама давлату боигарии Тоҷикистон дар дасти ҷавонон буда, вазифаи онҳост нигоҳ доштани ин ҳама муқаддасоти меҳан аст. Вагарна ин нохалафон аз хориҷа истода ба обрӯи мо латма мезананд ва майдонро холӣ дида, борони дурӯғу туҳматро ба сари мо хоҳанд рехт.

Мирзоев Талбиҷон, вакили Маҷлиси вакилони халқи ноҳияи Панҷ                     

 

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg