БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

ҲХДТ ҶОМЕАРО БА РОҲИ СОЗАНДАГӢ ҲИДОЯТ МЕКУНАД

НОРАК. Дар доираи Соли шинохти бештари манфиатҳои миллӣ.  Дар шаҳри Норак  бо мақсади тарғиби Барномаи пешазинтихоботии номзад ба мансаби Президенти  Ҷумҳурии Тоҷикистон  аз ҲХДТ  Эмомалӣ Раҳмон масъулини Кумитаи иҷроияи ҲХДТ ва гурӯҳи таблиғотӣ бо сокинони кӯчаи Чашма -2-и Ҷамоати деҳоти Дуконии шаҳр  вохӯрӣ  баргузор намуданд.

Дар вохӯрии мазкур  намояндагони  Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Норак, вакилони  Маҷлиси вакилони халқи шаҳр, собиқадорони меҳнату ҳизб иштирок ва суханронӣ намуданд.

Сараввал Фирдавс Ғафурзода  қайд намуд, ки номзади пешбаришуда аз ҲХДТ ба мансаби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикисон Эмомалӣ Раҳмон арзандатарин номзад мебошад, ки хизматҳои  ин шахсияти маъруф  дар ҳаққи давлату миллат  бесобиқа буда, Тоҷикистонро миёни дигар давлатҳои мутараққӣ шиносонд ва  мардумро бо зиндагии арзанда таъмин намуданд.     

Инчунин, қайд гардид, ки  Барномаи пешазинтихоботии номзад ба мансаби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар доираи дигаргуниҳое, ки солҳои охир дар кишвар ва ҷаҳон ба амал омадаанд ва бо дарназардошти дурнамои  ҳафт соли оянда (2021-2027) таҳия шуда, ба ҳалли масъалаҳои  муҳимми ҷомеа, аз ҷумла таъмин намудани рушди устувори  иқтисодӣ, саноатикунонии босуръат, ҷорӣ кардани иқтисоди рақамӣ,  истифодаи оқилонаи сарватҳои табиӣ, рушди неруи инсонӣ ва таҳкими соҳаҳои иҷтимоӣ равона мегардад.

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg