БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

ВУСЪАТ ГИРИФТАНИ РАВАНДИ СОЗАНДАГӢ НИШОНАИ ВАТАНДӮСТИСТ

ЛЕВАКАНТ. Дар доираи Соли шинохти бештари манфиатҳои миллӣ. Мулоқоту вохӯриҳо оид ба таблиғу ташвиқи Барномаи пешазинтихоботии номзад ба мансаби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, дар майдончаи варзишии муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №6-и деҳаи Баҳодурони шаҳри Леквакант вохӯрии шахсони боэътимод, гурӯҳҳои таблиғотии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳр доир гардид.

Дар вохӯрӣ, раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Левакант Ватанзода Сайҷафар, инчунин аъзои гурӯҳи таблиғотии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Левакант Фароғат Назарова, Суҳроб Валиев, Нуринисо Ибодуллоева иштирок намуда, моҳияти  Барономаи пешазинтихоботии номзад ба мансаби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро барои солҳои 2021-2027 таҳияшударо ба интихобкунандагон расониданд.

Ҳамзамон, дар идомаи суҳбат Сайҷафар Ватанзода аз хидматҳои шоистаи Пешвои миллат дар барқарор намудани сулҳу салоҳ, дигаргуниҳои азим дар ҳама соҳаҳои иқтисоди мамлакат ёдовар шуда, таъкид кард, ки мо шаҳрвандон ба қадри ҳама дастоварду неъматҳое, ки бо кӯшишу талошҳои Роҳбари давлат ба даст омадаанд, бояд бирасем ва ҷавобан ба ин ҳама   ғамхориҳо бо амалҳои созанда ватандӯст будани хешро дар назди халқу Ватан собит созем.  

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg